Комиссияи марказии интихобот ва райъпурсии Тоҷикистон (КМИРТ) барои интихоботи парлумонӣ 41 ҳавзаи интихоботӣ дар тамоми кишвар ташкил кардааст. Ҳамчунин ин ниҳод шумори эҳтимолии овоздиҳандагон дар интихоботи парлумонии моҳи марти соли 2025-ро эълон кардааст
Дар иттилоияе, ки хабаргузории Ховар нашр кардаааст, аз рӯйи натиҷаи Комиссияи интихобот шумораи эҳтимолии раъйдиҳандагон дар кишвар бештар аз 5,5 миллион нафар мебошад.
Шаҳрвандону сокинони Тоҷикистон метавонанд дар ҳавзаҳои интихоботии мазкур рафта ба номзадони вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар овоз диҳанд. Ин ҳавзаҳо дар шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳои тебеи ҷумҳурӣ, вилоятҳои Суғду Хатлон ва ВМКБ ташкил шудааст.
Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар шаҳри Душанбе:
Интихобкунандагони ноҳияи Фирдавсӣ, ки шумораашон 160 ҳазору 541 нафар аст, метавонанд дар бинои “Тоҷикстандарт”, воқеъ дар кӯчаи Н.Қарабоев, 42/2 овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Исмоили Сомонӣ, ки шумораашон 148 ҳазору 89 нафар аст, метавонанд дар бинои Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон воқеъ дар кӯчаи Ш.Шоҳтемур 27 овоз диҳанд.
Овоздиҳандагони ноҳияи Шоҳмансур, ки шумораашон 117 ҳазору 713 нафар аст, дар бинои асосии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 17 овоз медиҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Сино, ки шумораашон 155 ҳазору 891 нафар аст, дар бинои Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев, воқеъ дар хиёбони Сино, 43 овоз медиҳанд.
Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ:
Интихобкунандагони шаҳри Турсунзода, ки шумораашон 139 ҳазору 406 нафар аст, метавонанд дар бинои Хонаи фарҳанги шаҳри Турсунзода, воқеъ дар кӯчаи М.Турсунзода 145 рафта ба номзади худ овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Шаҳринав, ки шумораашон 143 ҳазору 409 нафар аст, метавонанд дар бинои кумитаи заминсозии ноҳияи Шаҳринав, воқеъ дар ҷамоати деҳоти Шаҳринав, кӯчаи И. Сомонӣ рафта овоз диҳанд.
Интихобкунандагони шаҳри Ҳисор, ки шумораашон 167 ҳазору 813 нафар аст, метавонанд дар бинои Осорхонаи шаҳри Ҳисор, воқеъ дар хиёбони Ҳ.Назаров- 3 рафта овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Рӯдакӣ, ки шумораашон 121 ҳазору 856 нафар аст, метавонанд дар бинои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №67, воқеъ дар Ҷамоати деҳоти Чоряккорон рафта овоз диҳанд.
Интихобкунандагони шаҳри Ваҳдат, ки шумораашон 182 ҳазору 525 нафар аст, метавонанд дар бинои Кохи маърифати шаҳри Ваҳдат воқеъ дар кӯчаи Сомониён – 14 рафта овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Файзобод ва шаҳри Роғун, ки шумораашон 158 ҳазору 485 нафар аст, метавонанд дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод воқеъ дар кӯчаи И.Сомонӣ 54, рафта овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияҳои Рашт, Лахш, Тоҷикобод, Сангвор, ки шумораашон 144 ҳазору 880 нафар аст метавонанд дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Рашт, воқеъ дар шаҳраки Ғарм, кӯчаи И.Сомонӣ 42 овоз диҳанд.
Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар вилояти Суғд:
Интихобкунандагони шаҳри Хуҷанд, ки шумораашон 117 ҳазору 350 нафар аст, метавонанд дар бинои Филиали “Шабакаҳои тақсимоти барқ” воқеъ дар хиёбони И.Сомонӣ 36, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар ҳудуди Ҷамоати шаҳрак ва деҳоти Ғафуров, Хистеварз, Зарзамин, Исфисор, Овчиқалъача ва Ёва, кит шумораашон 127 ҳазору 338 нафар аст, метавонанд дар бинои Раёсати молияи ноҳияи Б.Ғафуров воқеъ дар кӯчаи Роҳи оҳанчиён 3а, овоз диҳанд.
Як қисми интихобкунандагони ноҳия дар ҳудуди Ҷамоатҳои деҳоти Ғозиён, Унҷӣ, Д.Холматов, Ҳ. Усмонов, Исмоил ва Чашмасор; шаҳри Бӯстон, ки шумораашон 135 ҳазору 424 нафар аст, метавонанд дар “Қасри маданияти Арбоб”-и ноҳияи Б.Ғафуров, воқеъ дар деҳоти Унҷӣ, кӯчаи Ленин 106, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Ҷаббор Расулов, ки шумораашон 119 ҳазору 662 нафар аст, метавонанд дар бинои Қасри фарҳанги “Гулистон”, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Меҳробод, маҳаллаи Навоӣ, кӯчаи Ленин б/р, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Ашт, ки шумораашон 110 ҳазору 908 нафар аст, метавонанд дар бинои “Театри мусиқӣ – драмавии ба номи М. Воҳидов”, воқеъ дар шаҳраки Шайдон, кӯчаи Исмоили Сомонӣ 24, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Мастчоҳ, шаҳрҳои Истиқлол ва Гулистон, ки шумораашон 122 ҳазору 428 нафар аст, метавонанд дар бинои “Литсейи касбии агросаноатии Мастчоҳ”, воқеъ дар шаҳраки Бӯстон, кӯчаи С. Акрамов 2, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони шаҳри Конибодом, ки шумораашон 133 ҳазору 639 нафар аст, метавонанд дар бинои Коллеҷи технологии ба номи А.Қаҳҳоров, воеъ дар шаҳри Конибодом, хиёбони И.Сомонӣ 208, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони шаҳри Исфара, ки шумораашон 165 ҳазору 203 нафар аст, метавонанд дар бинои Қасри фарҳанги шаҳри Исфара, воқеъ дар кӯчаи Марказӣ 27, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони шаҳри Панҷакент, ки шумораашон 144 ҳазору 66 нафар аст, метавонанд дар бинои Маҷмааи эҷодии фарҳангии ба номи Лоиқ Шералӣ, воқеъ дар хиёбони Рӯдакӣ 102, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияҳои Айнӣ ва Куҳистони Мастчоҳ, ки шумораашон 108 ҳазору 22 нафар аст, метавонанд дар бинои Раёсати кишоварзии МИҲД-и ноҳияи Айнӣ, воқеъ дар кӯчаи Рӯдакӣ 57, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони шаҳри Истаравшан, ки шумораашон 134 ҳазору 618 нафар аст, метавонанд дар бинои Маркази адлияи шаҳри Истаравшан, воқеъ дар хиёбони И.Сомонӣ, кучаи Ғ. Абдуллоев б/р, овоз диҳанд.
Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар вилояти Хатлон:
Интихобкунандагони шаҳрҳои Бохтар ва Левакант, ки шумораашон 129 ҳазору 640 нафар аст, метавонанд, дар бинои Коллеҷи махсусгардонидаи аграрӣ дар шаҳри Бохтар, воқеъ дар кӯчаи Бобоҷон Ғафуров 27, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Кушониён, ки шумораашон 138 ҳазору 908 нафар аст, метавонанд дар бинои Раёсати молияи ноҳияи Кушониён, воқеъ дар Ҷамоати шаҳраки Сомониён, кӯчаи Сино 62, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, ки шумораашон 154 ҳазору 576 нафар аст, метавонанд дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи А.Ҷомӣ, воқеъ дар кӯчаи Сомониён 24, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Ёвон, ки шумораашон 171 ҳазору 339 нафар аст, метавонанд дар бинои Ҷамоати шаҳраки Ёвон, воқеъ дар кӯчаи М. Турсунзода 42, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ки шумораашон 127 ҳазору 985 нафар аст, метавонанд дар бинои Кинотеатри ба номи М.Горкий, ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, воқеъ дар кӯчаи Ҷ. Румӣ 29, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Қубодиён , ки шумораашон 182 ҳазору 564 аст, метавонанд дар бинои Қасри фарҳанги ноҳияи Қубодиён, воқеъ дар кӯчаи И.Сомонӣ б/р, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Вахш, ки шумораашон 152 ҳазору 113 нафар аст, метавонанд дар бинои Идораи хоҷагии обёрӣ ва беҳдошти замини ноҳияи Вахш, воқеъ дар кӯчаи А.Шоев 31, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Ҷайҳун, ки шумораашон 140 ҳазору 420 нафар аст, метавонанд дар бинои Литсейи касбии техникии №34, воқеъ дар кӯчаи Борбади Марвазӣ 24, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Фархор, ки шумораашон 131 ҳазору 458 нафар аст, метавонанд дар бинои шуъбаи маорифи ноҳияи Фархор, воқеъ дар кӯчаи Ҳофизи Шерозӣ 4, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ , ки шумораашон 129 ҳазор 796 нафар аст, метавонанд дар бинои шуъбаи маорифи ноҳия, ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, воқеъ дар кӯчаи З.Розӣ б/р, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияи Данғара ва шаҳри Норак, ки шумораашон 127 ҳазору 696 нафар аст, метавонанд дар бинои Маркази татбиқи лоиҳаҳои обёрии водии Данғара, воқеъ дар кӯчаи Марказӣ 34 овоз диҳанд.
Интихобкунандагони шаҳри Кӯлоб, ки шумораашон 125 ҳазору 558 нафар аст, метавонанд дар бинои “Китобхонаи оммавии вилояти Хатлон ба номи С.Айнӣ дар шаҳри Кӯлоб”, шаҳри Кӯлоб, воқеъ дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ б/р, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони ноҳияҳои Мӯъминобод, Шамсиддини Шоҳин ва Ховалинг, ки шумораашон 110 ҳазору 894 нафар аст, метавонанд дар бинои шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ, овоз диҳанд.
Нуқтаҳои овоздиҳӣ дар дар ВМКБ:
Интихобкунандагони ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Дарвоз, ки шумораашон 59 ҳазору 164 нафар аст, метавонанд дар бинои Кӯмаки аввалияи тиббию санитарии ноҳия, ноҳияи Ванҷ, воқеъ дар деҳаи Рохарв, овоз диҳанд.
Интихобкунандагони шаҳри Хоруғ, ноҳияҳои Ишкошим, Мурғоб ва Роштқалъа , ки шумораашон 51 ҳазору 646 нафар аст, метавонанд дар бинои Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ВМКБ шаҳри Хоруғ, воқеъ дар кӯчаи Атобек 16, овоз диҳанд.
Ёдовар мешавем, ки интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон 2 марти соли оянда баргузор мешавад. То ҳол танҳо Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон (ҲХДТ) ва Ҳизби демократи Тоҷикистон (ҲДТ) номзадҳои худро ба интихоботи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон пешниҳод карданд.
Соли гузашта Тоҷикистон ба куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх барқ фурӯхт?
Дар Чувашистони Русия ҳам кор барои муҳоҷирон дар чандин соҳаро манъ мекунанд
Қариб 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати муҳоҷироне, ки Амрико мехоҳад онҳоро ихроҷ кунад
Беш аз 10 қонуни нав. Акнун муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ интизор аст?
Чаро “Почтаи тоҷик” ба Русия нома ва баста ирсол намекунад? Раиси нави Хадамоти алоқа шарҳ дод
Тоҷикистону Русия масоили муҳими муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, ихроҷи муҳоҷири тоҷик аз Русия “кам шуд ва ҳоло ҳар рӯз 12 кас “депорт” мешаванд”
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби манъи воридоти чорво ва баъзе маҳсулоти чорводориро аз Тоҷикистон ба Русия шарҳ дод
“Иқлими номусоид ва фиреби соҳибкорон”: Раиси Мастчоҳ ду сабаби иҷро нашуднии нақшаи ҷамъоварии пахтаро гуфт
Бонки олмонӣ ба Тоҷикистон дар таъмиру навсозии беморхонаҳо кумак мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста