ЭЪЛОН БАРОИ 14 АПРЕЛ

Имрӯз соати 17:30 дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ маросими ифтитоҳи фестивал-озмуни “Парасту-2025” баргузор шуда, дар идома соати 18:00 ҳунармандони театри мазкур намоишномаи “Куруши Кабир”-ро дар таҳияи Айяна Оскенбаева ба саҳна мегузоранд.

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ – 14 АПРЕЛ

Соли 1951 – Академияи илмҳои Тоҷикистон таъсис дода шуд. Он дар аввал панҷ шуъба дошт: физика ва математика, геология ва химия, биология, забону адабиёт ва таърих ва иқтисодит ва фалсафа. Нахустин президенти Академияи илмҳои ҶШС Тоҷикистон, арбоби барҷастаи илму маданияти Тоҷикистон, асосгузори адабиёти шӯравии тоҷик Садриддин Айнӣ интихоб гардид. Сипас дар солҳои мухталиф донишмандони маъруф Султон Умаров, Муҳаммад Осимӣ, Собит Неъматуллоев, Ӯлмас Мирсаидов, Мамадшо Илолов ва Фарҳод Раҳимӣ президентҳои Академия буданд. Аз 16 январи 2024 то кунун президентии акадамияро Қобилҷон Хушвахтзода бар уҳда дорад.

Бояд гуфт, ин сана ҳамчун Рӯзи илми тоҷик таҷлил мешавад.

Соли 2002 – Бо фармони Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Рӯзи Рӯдакӣ, сардафтари адабиёти классики тоҷик муқаррар гардид, ки ҳар сол 22 сентябр таҷлил мешавад.

Соли 2010 – Дар маҷлиси намояндагон Кумитаи парлумонӣ оид ба масъалаҳои экология таъсис ёфт.

Соли 2011 – Дар Рашт, дар деҳаи Самсолики ноҳияи Нуробод, дар натиҷаи амалиёти махсус Абдулло Раҳимов (маъруф бо номи Мулло Абдулло) ва 16 узви гурӯҳи ӯ кушта шуданд.

Соли 2018 – Ба муносибати ҷашни 140-солагӣ ва ба хотири гиромидошти  Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик ва Қаҳрамони Тоҷикистон осорхонаи адиб дар шаҳри Душанбе ифтитоҳ гардид.

 

ШАХСИЯТҲО

Соли 1916 – Мавлуди Сулаймон Юдаков, муаллифи мусиқии Суруди миллии Тоҷикистон.

 

Сулаймон Юдаков

Сулаймон Юдаков яке аз чеҳраҳои барҷастаи фарҳанги мусиқии Осиёи Марказӣ ва аз поягузорони мусиқии касбии тоҷик маҳсуб меёбад. Ӯ соли 1916 дар шаҳри Қӯқанд ба дунё омада, қобилияти мусиқии худро ҳанӯз дар овони кӯдакӣ зоҳир намудааст.

Фаъолияти эҷодии Юдаков ба марҳилаи ташаккули мусиқии касбии миллӣ дар Осиёи Марказӣ рост меояд. Ӯ яке аз аввалин композитороне буд, ки ба жанрҳои мусиқии саҳнавӣ, аз қабили опера, балет, романс, кантата ва квартет рӯ овард. Асарҳои ӯ, аз ҷумла операи мазҳакавии “Найрангҳои Майсара” ва балети “Найрангҳои Насриддин” дар таърихи мусиқии театрии Осиёи Марказӣ мавқеи муҳим доранд. Ин асарҳо нахустин намунаҳои жанрҳои номбурда дар театрҳои мусиқии минтақа ба шумор мераванд.

Юдаков муаллифи оҳанги Суруди миллии ҶШС Тоҷикистон (шеър: А. Лоҳутӣ) ва баъд аз соҳибистиқлолии кишвар ва муаллифи мусиқии Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон (шеър: Г. Келдӣ) мебошад.

Сулаймон Юдаков 8 ноябри соли 1990 вафот кардааст. Осори ӯ то имрӯз ҳамчун мероси гаронбаҳои фарҳангӣ ва манбаи омӯзишӣ дар равияи таърих ва назарияи мусиқии тоҷик мавриди таҳқиқ қарор мегирад.

Соли 1945 – Зодрӯзи Муродулло Шерализода, рӯзноманигор, аввалин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум”.

 

Муродалӣ Шерализода

Муродулло Шерализода хатмкардаи Институти давлатии педагогии шаҳри Душанбе буда, фаъолияти адабиашро аз рӯзномаи “Маориф ва маданият” оғоз кардааст. Ӯ солҳо дар Институти таърихи партияи назди КМ ПК Тоҷикистон – филиали Институти марксизм-ленинизми назди КМ КПСС кор кардааст.

Беш аз даҳ сол дар шаҳрҳои Мазори Шариф ва Кобули Ҷумҳурии Афғонистон ба сифати тарҷумон фаъолият дошт ва баъди даъват ба КМ ПК дар вазифаҳои гуногун фаъолият кард.

Муродулло Шерализода аввалин сармуҳаррири рӯзномаи “Садои мардум” буда, соли 1990 бо таъсиси он дар ин вазифа фаъолиятро оғоз намуд. 5 майи соли 1992 дар замони вазъи муташанниҷи кишвар кушта шуд.

Соли 1946 – Мавлуди Шоҳзамон Раҳмонов, адабиётшинос, доктори илми филологӣ, профессор.

Соли 2002 – Савсан Бандишоева, ҳунарпеша ва сароянда, яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон дар 80-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Савсан Бандишоева

Савсан Бандишоева ҳунарпеша ва сароянда ва яке аз поягузорони театри касбии Бадахшон аст. Ӯ дар саҳнаи театр, асосан, симои занони қавиирода, фидокору дурандеш, пурэҳтиросу садоқатмандро офаридааст.

Нақшҳои  Гулқурбон дар “Тошбек ва Гулқурбон”, Кручинина дар “Гунаҳкорони бегуноҳ”, Жаклина дар “Табиби зӯракӣ”, Зеремалдина дар “Хизматгори ду хоҷа”, Майсара дар “Майсара”, Райҳон дар “Арӯси панҷсӯма” аз ин қабиланд. Ӯ дар овозхони низ маҳорати хос дошт ва сурудҳои зиёди мондагор иҷро кардааст.

Соли 2021 – Қиёмиддин Чақалзода, ҳунарпешаи театр ва синамо, ҳаҷвнигори шинохтаи тоҷик дар синни 75-солагӣ аз олам даргузашт.

 

Қиёмиддин Чақалзода

Қиёмиддин Чақалзода фаъолияти ҳунариашро дар Хонаи маданияти ноҳияи Файзобод оғоз намуда, сипас солҳо дар театри ноҳияи Файзобод ба ҳунарнамоӣ машғул будааст.

Соли 1975 баъди хатми факултети актёри драма ва кинои Донишкадаи ҳунарҳои зебои Тоҷикистон дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ ба кор оғоз намуда, то поёни умр ҳунарпешаи ҳамин театр будааст. Дар саҳнаи ин театр нақшҳои зиёди мондагор офаридааст, аз ҷумла нақши Холмат дар “Бой ва Хизматгор”, Қаровул дар “Худкардаро даво нест”, Ӯрмонқамиш дар “Мардҳо намегирянд”, Тешабой дар “Лайлатулқадр”, Ширинкор дар “Шоҳ Лир”, Маҳкам дар “Исёни арӯсон”, Гумоштаи сиёсӣ дар “Алломаи Адҳам” аз ин қабиланд.

Дар синамо бошад, нақши сияҳсавор дар “Ашк ва шамшер”, қассоб дар “Ҷазира, муаллим дар “Муҷассамаи ишқ” ва директории совхозро дар “Сароби хунин” иҷро кардааст.

 

САНАҲОИ МУҲИМИ ҶАҲОНӢ

14 апрели соли 1927 аввалин мошини “Волво” дар шаҳри Гетеборги Шветсия истеҳсол шуд. Дар паси таъсиси ин ширкат ду муҳандис – Ассар Габриэлссон ва Густаф Ларсон қарор доштанд, ки он замон дар ширкати SKF (истеҳсолкунандаи подшипникҳо) фаъолият мекарданд.

 


Бино ба ривояте, тобистони соли 1924 дар тарабхонаи “Sturehof”-и шаҳри Стокҳолм, онҳо бо як пиёла пиво идеяи сохтани мошинро матраҳ намуданд. Ҳамон ҷо яке аз онҳо номи Volvo-ро пешниҳод кард, ки аз феъли лотинии “volvere” гирифта шуда, маънои “ғелидан” ё “чархидан”-ро дорад.

Аз ҳамон рӯз таърихи саноати автомобилсозии Шветсия оғоз ёфт. Ҳамзамон, рамзи ширкат – рамзи Марс (доира бо тирча) низ тарҳрезӣ шуд, ки то имрӯз дар маркази радиатори мошинҳои он ҷой дорад.

Имрӯз Volvo Aktiebolaget як ширкати бузурги шведӣ маҳсуб мешавад, ки мошинҳои боркаш, автобусҳо, муҳаррикҳо, техникаи хоҷагии деҳқонӣ ва ҷангалдорӣ, инчунин таҷҳизоти гуногуни саноатӣ истеҳсол мекунад.

Истеҳсоли мошинҳои сабукравро Volvo соли 1999 ба ширкати Ford фурӯхт, ки он соли 2010 онро ба ширкати Geely супурд.

14 апрели соли 1961 дар Иттиҳоди Шӯравӣ унвони фахрии “Ҳавонаварди кайҳонии ИҶШС” таъсис ёфт. Аввалин нафаре, ки ин унвонро гирифт, албатта, Юрий Гагарин буд.

 


Минбаъд ҳамаи кайҳоннавардони шӯравӣ, ки ба кайҳон парвоз мекарданд, соҳиби ин унвон мешуданд. То охири соли 1991, 72 шаҳрванди ИҶШС ба кайҳон парвоз карданд ва ҳамаи онҳо бо ин унвони фахрӣ қадрдонӣ шуданд.

Охирин нафаре, ки ин унвонро дарёфт кард, Токтар Аубакиров буд. Ӯ соли 1991 бо киштии кайҳонии “Союз ТМ-13” ба истгоҳи “Мир” парвоз анҷом дод ва соҳиби унвони 72-юм гардид.

 

ВАЗЪИ ҲАВО БАРОИ 14 АПРЕЛИ СОЛИ 2025

Дар вилояти Суғд – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли рух додани раъду барқ дар назар аст.  Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 24+29º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 2+7º гарм, рӯзона 12+17º гарм.

Дар вилояти Хатлон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли рух додани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 13+18º гарм, рӯзона 29+34º гарм, дар ноҳияҳои доманакӯҳӣ шабона 10+15º гарм, рӯзона 22+27º гарм.

Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ – Ҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои алоҳида борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли рух додани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: дар водиҳо шабона 12+17º гарм, рӯзона 26+31º гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона 7+12º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 4+6º гарм, рӯзона 20+25º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 14+16º гарм мешавад.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон – Ҳавои тағйирёбанда, дар баъзе ноҳияҳои ғарбии вилоят борони кӯтоҳмуддат меборад. Дар шарқи вилоят асосан бебориш (0,0-0,5мм) дар назар аст. Ҳарорат: дар ғарби вилоят шабона 3+8º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 12+14º гарм, рӯзона 13+18º гарм, дар баъзе ноҳияҳо то 23+25º гарм, дар шарқи вилоят шабона 1-6º сард, рӯзона 6+11º гарм.

Дар шаҳри Душанбе – Ҳавои тағйирёбанда, асосан бебориш (0,0-0,5мм). Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 29+31º гарм.

Дар шаҳри Хуҷанд – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат борида, эҳтимоли рух додани раъду барқ дар назар аст. Ҳарорат: шабона 14+16º гарм, рӯзона 26+28º гарм.

Дар шаҳри Бохтар – Ҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 15+17º гарм, рӯзона 32+34º гарм.

Дар шаҳри Хоруғ – Ҳавои  тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад. Ҳарорат: шабона 6+8º гарм, рӯзона 16+18º гарм мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.