Олег Власов, вакили дифои (адвокати) айбдоршаванда Далерҷон Мирзоев ба хабаргузории "РИА Новости" иттилоъ додааст, ки иҷрокунандагони амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл”-и вилояти Маскав аз рӯи натиҷаҳои ташхис аз лиҳози равонӣ солим эътироф карда шудаанд.
Ба гуфтаи вакили дифоъ, мутахассисон тасдиқ намудаанд, ки айбдоршавандагон ба дарки амалҳои худ ва назорати онҳо қодир буданд.
“Онҳо аз лиҳози равонӣ солим эътироф шуда, аз ҷиҳати ҷисмонӣ низ вазъияташон хуб аст”, - илова намудааст Олег Власов.
Қаблан зикр гардида буд, ки шаҳрвандони Тоҷикистон, ки ба ҳамла ба "Крокус" гумонбар мешаванд, ба сифати ҳадафҳои эҳтимолӣ Майдони Сурх, каниса (ибодатгоҳи яҳудиён) ва маркази савдои “Мега”-ро баррасӣ мекарданд. Вакили дифои Далерҷон Мирзоев гуфта буд, ки дар Новосибирск низ анҷоми амали террориристӣ дар нақша буд.
Ӯ зикр кардааст, ки зерҳимояаш, ки ба ҳайси ронандаи таксӣ дар Новосибирск кор мекард, зери таъсири тундгароён афтода ва ба "Телеграм-гурӯҳ" ворид мешавад ва дар он ҷо "имом" ба ивази пули калон аз ӯ дархост мекунад, ки дар Маскав амали террористӣ содир кунанд.
Гумонбарон се рӯз пеш аз ҳамла вохӯрда, вале нуқтаи ниҳоиро танҳо пеш аз амали терористӣ интихоб кардаанд.
Моҳи феврали соли равон маълум шуд, ки тафтиши парванда дар бораи амали терористӣ ба анҷом расида, ҷонибҳо ба шиносоӣ бо мавод пардохтаанд.
Амали террористӣ дар толори консертии “Крокус Сити Холл” рӯзи 22 марти соли 2024 содир гардида, бар асари он 146 нафар ҳалок ва зиёда аз 550 нафари дигар ҷароҳат бардоштанд.