Музокироти дуввуми Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Иёлати Муттаҳидаи Амрико бар сари барномаи ҳастаии Эрон рӯзи шанбеи 19-уми апрел дар шаҳри Руми Итолиё баргузор мешавад. Музокираи аввалро, ки рӯзи 12-уми апрел дар пойтахти Уммон шаҳри Масқат баргузор шуд, ҳарду кишвар "мусбӣ" ва "созанда" хонданд.

Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷии Эрон гуфтааст, ки музокирот ҳамчунон ғайримустақим ва бо миёнҷигарии Уммон баргузор мешавад, аммо макони он метавонад тағйир ёбад.

Хабаргузории амрикоии “Axios” бо такя ба ду нафари огоҳ аз ин мавзӯъ хабар дод, ки нишасти навбатӣ дар пойтахти Итолиё мегузарад. Ин сомона навиштааст, ки интихоби Рум бо пешниҳоди Амрико сурат гирифтааст.

Гуфта мешавад, ки яке аз сабабҳои интихоби шаҳре дар Аврупо дурии Уммон аз Амрико буд ва Аврупо барои ҳайатҳои Эрон ва Амрико як нуқтаи транзити муносиб аст.

Зимнан, Доналд Трамп, президенти ИМА имрӯз, 14-уми апрел дар шарҳи дуввуми худ оид ба музокирот гуфтааст, бо мушовирони худ дар бораи Эрон мулоқот кардааст ва ба зудӣ дар бораи ин кишвар тасмим мегирад.


Ин дуввумин шарҳи кӯтоҳи Доналд Трамп пас аз музокироти Аббос Ароқчӣ ва Стив Уиткофф дар рӯзи шанбе аст.

“Фикр мекунам, ки музокирот хуб пеш рафта истодааст. То ба натиҷае нарасанд, ҳеҷ чиз гуфтан мумкин нест. Аз ин рӯ, ман дӯст намедорам, ки дар ин бора сӯҳбат кунам. Фикр мекунам, корҳо нисбатан хуб пеш рафта истодаанд”, - гуфта буд ӯ дар шарҳи аввали худ.

Аммо Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари олии Эрон, ки тасмимгирандаи аслӣ дар робита ба масоили музокирот аст, дар ин бора то ба ҳол сукут ихтиёр кардааст.

Ӯ рӯзи якшанбеи 13-уми апрел дар як нишасти наврӯзӣ бо гурӯҳе аз фармондеҳони нерӯҳои мусаллаҳ бидуни ишора ба музокироти рӯзи шанбе гуфтааст, ки "он чӣ душманро ҳассос мекунад, исми Ҷумҳурии Исломӣ нест, балки ин ирода, ки кишваре бихоҳад мусалмон, мустақил ва бо ҳувият бошад ва барои иззати худ ба дигарон такя накунад, муҷиби асабонияти онҳо аст".

 

Даври аввали музокираи Эрон ва Амрико. Тарафҳо чӣ гуфтанду чӣ шуниданд?

Баъди анҷоми гуфтугӯҳо, ки ғайримустақим ва бо миёнаравии Бадр ал-Бусаидӣ, вазири умури хориҷаи Уммон беш аз ду соат пушти дарҳои баста сурат гирифтааст, ҷонибҳо гуфтанд, “натиҷа мусбат” буд.

Бояд гуфт, дар ин музокирот Эронро Исмоил Бақоӣ, сухангӯи Вазорати корҳои хориҷӣ, Маҷид Тахтравончӣ, муовини сиёсӣ, Козим Ғарибободӣ, муовини байналмилалӣ ва ҳуқуқии вазорати корҳои хориҷӣ ва чанд коршиноси масоили ҳастаӣ бо роҳбарии Аббос Ароқчӣ, вазири умури хориҷаи ин кишвар намояндагӣ карданд.

Ҳайати Эрон дар Уммон
Акс аз Entekhab

Аз тарафи Амрико дар музокирот Стив Уиткофф, фиристодаи махсуси Трамп дар умури Ховари Миёна ва Ана Эскроҷима, сафири Амрико дар Уммон ширкат доштанд.

Баъди анҷоми гуфтугӯҳо, ба навиштаи ББС, Аббос Ароқчӣ, вазири корҳои хориҷии Эрон музокирот бо амрикоро "созанда, дар муҳити ором ва бисёр муҳтарамона" арзёбӣ кардааст.

"Даври баъдии музокирот эҳтимолан ин ҷо (Уммон) нахоҳад буд. Албатта миёнҷигар Уммон хоҳад буд, аммо мумкин аст дар ҷои дигаре бошад. Дар ҷаласаи баъдӣ саъй мекунем ба рӯзномаи музокирот ворид шавем, ки табиатан дар канори худ ҷадвали замонӣ ҳам хоҳад дошт", - иброз доштааст Ароқчӣ.

Ӯ ба расонаҳо гуфтааст, ҳангоми берун шудан аз маҳалли музокира бо Уиткофф чанд лаҳза рӯ ба рӯ гуфтугӯи кӯтоҳ ва бо “назокати дипломатӣ” анҷом додааст.

“Дар хуруҷ аз маҳалли музокирот бо Стив Уиткофф, намояндаи Амрико бархурд кардем. Чанд лаҳза гуфтугӯи сода доштем. Чизи фавқулодае набуд. Сарфан дар ҳадди салому алейк. Ин амре одӣ дар дипломатия аст ва мо ҳамеша назокати дипломатӣ дар бархурд бо дипломатҳои амрикоиро риоя кардаем”, - гуфтааст вазири корҳои хориҷаи Эрон.

Аббос Ароқчӣ ба хабарнигори IRIB гуфтааст, ки музокирот бо миёнҷигарии вазири хориҷаи Уммон "дувуним соат дар ду утоқи ҷудогона" идома кард ва ӯ барои ирсоли паёмҳо "чаҳор бор" дар миёни утоқҳо гаштаву баргашта буд.

Кохи Сафед ҳам дар баёнияи худ гуфтугӯҳо бо намояндаҳои Эронро “бисёр мусбат ва созанда” тасиф карда, гуфтааст, ки ин музокирот "як қадаме ба пеш дар роҳи расидан ба тавофуқе, ки барои ҳарду кишвар судманд аст” буд.
Доналд Трамп
Акс аз AP

“Уиткофф ба Ароқчӣ таъкид кард, ки аз сӯи Трамп дастур дорад, то дар сурати имкон ихтилофоти Амрико ва Эронро аз тариқи гуфтугӯ ва дипломатия ҳал кунад. Ин масоил бисёр печида ҳастанд”, - омадааст дар баёнияи Кохи Сафед.

Бадр ал-Бусаидӣ, вазири умури хориҷаи Уммон, ки миёнарав ва мизбони гуфтушунидҳои Амрико ва Эрон буд, баъд аз анҷоми он дар саҳифаи “Х”-и худ музокиротро “созанда ва дӯстона” тавсиф карда, афзудааст, ки ин музокирот бо ҳадафи наздиктар кардани дидгоҳҳо баргузо шуд.

Мақомҳои Эрон ва Амрико пас аз чанд ҳафта танишҳои лафзӣ билохира рӯзи 7-уми апрел эълом карданд, ки дар Уммон бар сари барномаи ҳастаии Эрон музокира баргузор мекунанд. Доналд Трамп, раиси ҷумҳурии Амрико ва чандин мақомдорони дигари амрикоӣ таъкид мекарданд, ки музокирот “мустақим” баргузор мешавад. Вале намояндаҳои Эрон пофишорӣ мекарданд, ки гуфтугӯҳо бо Амрико “ғақримустақим” хоҳад буд.

Ёдовар мешавем, ки соли 2015 Эрон ва шаш қудрати ҷаҳонӣ ба созиши ҳастаӣ бо номи Барномаи Ҷомеи Иқдоми Муштарак ё БАРҶОМ, даст ёфтанд, аммо Трамп соли 2018 қарори хуруҷи Амрико аз ин созишро имзо кард.

Баъди дубора сари қудрат омадани Трамп, таҳдидҳои ӯ алайҳи Эрон шиддат гирифт. Ин буд, ки ҳамин чанд рӯз пеш баъзе таҳлилгарон аз эҳтимоли оғози муноқиша миёни Амрико ва Эрон ҳушдор медоданд.

Дар бораи таҳдидҳои қаблии Трамп ва дастури омодабоши Хоманаӣ дар маводи “Шиддати таниш миёни Амрико ва Эрон. Ҳаракати техникаи ҳарбии ИМА ба Ховари Миёна ва фармони омодабош дар Эрон” муфассал мутолиа кунед.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.