Моҳи апрели соли 2025 нархи сабзавот дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта ба таври назаррас боло рафт.

Таҳлили нарҳои истеъмолӣ ба ҳисоби миёна болоравии назаррасро қариб дар ҳамаи мавқеъҳо нишон медиҳад.

Аз рӯи суръати болоравии нархӣ сабзӣ аз ҳама гаронтар шуд: 113% - аз 2,06 то 4,40 сомонӣ барои 1 кг.

Дар идома карами одӣ қарор дорад: нархи он қариб 2 баробар боло рафтааст: аз 3,08 то 6,00 сомонӣ.

Гулкарам ба андозаи 82,4% қимат шуда, 1 килограммаш ба 12,40 сомонӣ расид (1 сол пеш - 6,80 сомонӣ).

Дар арзиши лаблабуи ошӣ, қаланфури булғорӣ, бодиринг, сирпиёз, картошка ва пиёз болоравии миёнаи нархҳо ба мушоҳида расид.

Ягона сабзавоте, ки арзон шуд, помидорҳои дар гармхона парваришёфта аст: моҳи апрели соли 2025 нархи он 18,9% поин рафт: аз 21,20 то 17,20 сомонӣ барои 1 кг.

Ба ақидаи мутахассисон, болоравии нархҳо асосан ба омилҳои мавсимӣ ва камшавии захираҳои ҳосили соли пешина марбутанд. Моҳи апрел захираҳои пешина ба охир расида, ҳосили нав ҳоло ба фурӯш бароварда нашудааст.

Дар назар аст, ки давоми моҳҳои наздик зимни ба бозор ворид шудани ҳосили нав, нархҳо тадриҷан муътадил ва ба поинравӣ оғоз мекунанд.


Вобаста ба минтақа, нархҳо дар ҷумҳурӣ метавонанд фарқият дошта бошанд. Дар баъзе мавридҳо фарқияти хеле зиёд. Масалан, сабзӣ дар баъзе ноҳияҳои кишвар то 6 сомонӣ ва бодиринг - то 20 сомонӣ нарх доранд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.