Бори дуюм аст, ки Медиа-гурӯҳи "Азия-Плюс" ба муносибати зодрӯзи худ дар боғу маконҳои таърихии пойтахт иқдоми ниҳолшинонӣ мегузаронад. Ин дафъа, макони иқдом хона-музейи устод Садриддин Айнӣ интихоб шуд.
Субҳи имрӯз кормандони медиа-гурӯҳи “Азия-Плюс” дар саҳни хона-музейи устод Садриддин Айнӣ 28 бех ниҳоли санавбар шинониданд, ки ин чун рамзи 28 соли фаъолияти софдилона ва пурсамари оҷонсӣ дар роҳи таъмини ҷомеа бо иттилои саҳеҳ, дақиқ ва беғараз ҳам барои ҷовидона мондани ин санаи таърихӣ ва ҳам ҳифзи муҳити зист ва сарсабзии пойтахти кишвар кори муҳим аст.
Пас аз маъракаи ниҳолшинонӣ аз ҷониби кормандони хона-музей барои аҳли гурӯҳи “Азия-Плюс” экскурсияи махсус ба хона-музейи Садриддин Айнӣ ташкил гардид. Дар экскурсия кормандони медиа-гурӯҳро Эраҷ Айнӣ, набераи устод Айнӣ ҳамроҳӣ карда, аз саргузашти бобояш қиссаҳои ҷолиб нақл намуд.
Имрӯз хона-музейи устод дар шаҳри Душанбе макони муҳими таърихӣ ба шумор меравад ва ободонии ин мавзеъву бузургдошти Айнӣ, бешак, амали хайр ва бештар аз ин, арҷгузорӣ ба аҷдодону қаҳрамонҳо ва гузаштаи пурифтихори хеш аст.
2 сол қабл, дар ҷашни 26-солагии худ низ гурӯҳи расонаҳои “Азия-Плюс” иқдоми ниҳолшинонӣ гузаронида буд. Он навбат, ниҳолҳо дар “Боғи ҷавонон” дар назди “шаҳраки донишҷӯён” шинонида шуданд.
Расо 28 сол пеш, 2-юми апрели соли 1996 аввалин варақаи таҳлилӣ-хабарии Оҷонсии иттилоотии “Азия-Плюс” нашр шуд, ки минбаъд таҳкурсии ҳафтаномаи мустақил ва медиа-гурӯҳи бузургу ҳамқадами замон гардид. Дар урфият мегӯянд, ки шахс дар ҳаёташ бояд се амалро ба анҷом расонад: хона созад, фарзанд ба воя расонад ва дарахт шинонад. Хонаи “Азия-Плюс” имрӯз побарҷост, фарзандонаш дар тамоми гӯшаҳои олам кор мекунанд ва ниҳолҳояш дар авҷи сабзишанд.