Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ният дорад, ки имрӯз парвози се рӯз қабл батаъхирафтода аз Душанбе ба Тошкадро анҷом диҳад, вале ин алҳол парвоз тариқи хатсайри доимӣ нест.

Котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Ҷамила Ҳусейнова ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки парвози ҳавопаймо ба шаҳри Тошканд соати 13-00-и вақти маҳаллӣ дар назар аст.

Ба гуфтаи ӯ, корҳои омодагӣ ва хзматрасонии анҷоми парвози ҳавопаймо ба ин самт аллакай оғоз гардида, бақайдгирии мусофирон соати 11-00 оғоз мегардад.

Ҳусейнова зикр кард, ки дар баробари мусофирон, бо ин хатсайр ҳамчунин роҳбарони сохторҳои авиатсионӣ ва корхонаҳои Тоҷикистон низ ба Тошканд рафта, масъалаҳои техникии роҳандозии парвози мунтазам миёни пойтахтҳои ду кишварро баррасӣ карданианд.

Ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» алҳол ба ҳеҷ гунае маълумоти мазкур аз фурудгоҳи Душанберо шарҳ намедиҳад ва аз ин рӯ, шумори мусофирони ин хатсайр низ ҳанӯз номаълум аст. Ба хатсайре, ки се рӯз қабл мавқуф гузошта шуда буд, 26 билет фурӯхта буданд. Баъди амалӣ нашудани парвоз, ширкати ҳавопаймоӣ ба қисмате аз мусофирон пулҳояшонро баргардонида буд.

Ёдрас мекунем, ки хабаргузории ӯзбекистонии Kun.uz маълумотеро интишор намуда буд, ки дар он гуфта мешавад, парвози ҳавопаймои аввал бо хатсайри Душанбе - Тошканд бо айби ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба таъхир афтодааст, ки саривақт ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон пешниҳод накардааст.

Дар навбати худ ширкати «Сомон Эйр» низ дар маълумоти дар ин робита интишоркардааш қайд кард, ки баъди аз ҷониби роҳбарияти ширкат гузаронидани таҳлили ҷиддии вазъи баамаломада, муайян гардид, ки бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ҷониби Ӯзбекистон саривақт ирсол нашудаанд, - омадааст дар иттилоия. - Шахсоне, ки дар вазъияти мазкур масъул буданд, аз ҷумла Директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов ҷазо гирифта, аз кор озод шуданд.