Бонки осиёгии рушд (БОР) ба ҳукумати Тоҷикистон афзоиши арзиши барқ барои аҳолиро тавсия надода, танҳо пешниҳод карда буд, ки нархгузории гуногун дар ин соҳа аз байн бурда шавад, зеро ба рушди тиҷорат зиёновар аст.
«Қаблан дар ВАО маълумоте интишор шуд, ки гӯё БОР ба ҳукумати Тоҷикистон тавсия дода бошад, ки тарифҳо барои аҳолӣ боло бардошта шавад, - гуфт намояндаи доимии БОР дар Душанбе Си.Си.Ю зимни вохӯрӣ бо рӯзноманигорон. - Дар асл ин тавр набуда, гуфтаҳои ман нодуруст шарҳ дода шудаанд».
Ӯ қайд кард, ки тарифҳои ҷорӣ ба нерӯи барқ дар Тоҷикистон метавонанд натанҳо дар минтақа, балки дар муқоиса бо саросари дунё аз ҳама пасттарин бошанд.
«Бо вуҷуди ин БОР ва ҳукумат ҳамаи он душвориҳоеро, ки аҳолӣ зимни афзоиши тариф бо онҳо дучор шуда метавонад, ба хубӣ дарк мекунанд ва дар марҳилаи ҳозира барои аҳолӣ набояд ягон тағйирот сурат гирад», - иброз дошт номбурда.
Си.Си.Ю шарҳ дод, ки дар асл БОР ба ҳукумат тавсия дода буд, ки нархгузории гуногуни мавҷуда дар Тоҷикиситон аз байн бурда шавад.
«Мо стратегияи ворид намудани тағйирот дар сохтори тарифҳо барои нерӯи барқро пешниҳод намуда, пеш аз ҳама, бартараф кардани нархгузории ҳархеларо тавсия додем, яъне барои дараҷаҳои гуногуни истеъмолгарон тарифҳои гуногун вуҷуд доранд ва аксаран нисбат ба корхонаҳои хусусӣ, тарифҳо барои корхонаҳои давлатӣ пасттару беҳтаранд, ки ин омил ба рушди бахши хусусӣ ва беҳбуди муҳити сармоягузорӣ монеъа эҷод месозад», - таъкид дошт Си.Си.Ю.
Намояндаи доимии БОР ҳамчунин қайд кард, ки дар робита ба бартараф кардани нархгузории гуногун ҳукумат аллакай тадбирҳои нахустин андешидааст, ки қисмате аз тавсияҳо дар доираи барномаи БОР оид ба дастгирии муҳити сармоягузорӣ мебошад.
Қобили зикр аст, ки ҳукумати Тоҷикистон ба сохторҳои дахлдор дастур дод, ки тарифҳо барои истифодаи нерӯи барқро барои бархе аз истеъмолгарон боло баранд. Ин гароншавии барқ ба аҳолӣ дахл надорад. Мувофиқи қарори ба имзо расида аз 24 феврали соли равон, дастур дода шудааст, ки аз 8 дараҷаи истифодабарандагони нерӯи барқ барои 4 дараҷа тарифҳо зиёд карда шаванд.