Масъалаи оғози парвози ҳавопаймоҳо тариқи хатсарйи мустақим миёни пойтахтҳои Тоҷикистон ва Ӯзбекистон ҳоло ҳам мавриди баррасӣ қарор дорад. Қаблан зикр гардида буд, ки парвозҳои мунтазам тавассути ин хатсайр аввали мавсими тобистон шрӯъ мешаванд.

«Айни замон масъалаи ифтитоҳи хатсайри мустақими Душанбе - Тошканд - Душанбе аз ҷониби мутахассисони ҳарду кишвар мавриди омӯзиш қарор дорад», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.

Бино ба иттилои манбаъ, ҷонибҳо ҳуҷҷатҳои хатсайрро мавриди омӯзиш қарор додаанд. Аз ифшои ҷузъиёти дигар ин масъала дар Вазорат худдорӣ варзиданд.

Дар ҳамин ҳол, тибқи баъе маълумоти ғайрирасмӣ, ҷонибҳо созишнома дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳоро баррасӣ дошта, Ӯзбекистон пешниҳод дорад, ки танҳо ширкати ин кишвар, бидуни иштироки ширкат аз Тоҷикистон  парвозҳоро анҷом диҳад, ки ба ин ҷониби Тоҷикистон розӣ шуда наметавонад.

Дар ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр», ки масъули анҷоми парвозҳо аз ҷониби Тоҷикистон таъин шудааст, аз шарҳи масъала худдорӣ мекунанд.

Ёдрас мекунем, ки хабаргузории ӯзбекистонии Kun.uz маълумотеро интишор намуда буд, ки дар он гуфта мешавад, парвози ҳавопаймои аввал бо хатсайри Душанбе - Тошканд бо айби ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» ба таъхир афтодааст, ки саривақт ҳуҷҷатҳоро ба мақомоти авиатсионии Ӯзбекистон пешниҳод накардааст.

Дар навбати худ ширкати «Сомон Эйр» низ дар маълумоти дар ин робита интишоркардааш қайд кард, ки баъди аз ҷониби роҳбарияти ширкат гузаронидани таҳлили ҷиддии вазъи баамаломада, муайян гардид, ки бастаи ҳуҷҷатҳо аз ҷониби ширкати ҳавопаймоии «Сомон Эйр» ба ҷониби Ӯзбекистон саривақт ирсол нашудаанд, - омадааст дар иттилоия. - Шахсоне, ки дар вазъияти мазкур масъул буданд, аз ҷумла Директори тиҷоратӣ Алишер Рустамов ҷазо гирифта, аз кор озод шуданд.