Мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия имрӯз ба гуфтушунидҳо дар бораи алоқаи ҳавоӣ миёни кишварҳо идома медиҳанд. Тоҷикистонро дар ин вохӯрӣ муовини вазири нақлиёти Тоҷикистон Шералӣ Ганҷалзода намояндагӣ мекунад.
Аз Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки имрӯз ҷонибҳо ба ҳалли масъалаи муқаррар кардани парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Ямал» ба Тоҷикистон хотима бахшиданианд ва Тоҷикистон пешниҳодҳои омадакардаашро доир ба ин масъала ба ҷониби Русия пешниҳод мекунад.
Қаблан аз Вазорати нақлиёт хабар дода буданд, ки Тоҷикистон ба ҷониби Русия огоҳинома фиристодааст, ки дар он гуфта мешавад, агар Вазорати нақлиёти ин кишвар маҳдудиятҳои парвоз нисбати ширкати «Сомон Эйр»-ро бекор накунад, парвози ҳавопаймоҳои ширкатҳои «Уралские авиалинии» ва «UTair»-ро аз Маскав ба Душанбе аз 6 апрел манъ мекунад, вале ин кор алҳол амалӣ нашуд.
Зикр гардида буд, ки ба сифати посух 4 парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Уралские авиалинии» ба Душанбе ва 3 парвози ширкати «ЮТэйр» ба Хуҷандро манъ мекунанд ва айни замон аз ҷониби Русия посухро интизоранд.