Пас аз тавақкуфи 25-сола нахустин ҳавопаймои мусофирбар аз Тошканд ба Душанбе фуруд омад.

Имрӯз, 11 апрел ҳавопаймои ширкати «Ӯзбекистон ҳаво йулларӣ» тариқи хатсайри аввали HY717 соати 7:20 дақиқа аз Тошканд парвоз карда, соати 8:05 ба фурудгоҳи Душанбе нишаст.

Ин ҳавопаймо 29 нафар мусофиронро ба пойтахти Тоҷикистон расонид. Таассуроти мусофирон хеле хубу гуворост.

Дар назар аст, ки парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз Тошканд ду маротиба дар як ҳафта - рӯзҳои сешанбе ва шанбе бо ҳавопаймоҳои тамғаи А320 анҷом дода мешаванд. Вақти парвоз ҳудуди 1 соатро ташкил медиҳад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.