Дар гуфтушунидҳои чанде қабл миёни мақомоти авиатсионии Тоҷикистону Русия дар пойтахти Русия маҳдудиятҳои аз 3 апрел ҷоришуда нисбати ширкати ҳавопаймоии тоҷикистонии «Сомон Эйр» оид ба парвози ҳавопаймоҳояш ба Маскав бекор карда шуданд.

«Ҷонибҳо ба созиш расиданд, ки маҳдудиятҳо оид ба парвози ҳавопаймоҳои ширкати «Сомон Эйр» бекор карда шуда, ба ширкат ҷиҳати анҷоми ҳамаи парвозҳои қаблан бекоршуда ба Маскав иҷозат дода шавад», - хабар доданд ба «Азия-Плюс» аз Вазорати нақлиёти ҶТ, вале аз ифшои ҷузъиёти бештари ин масъала худдорӣ варзиданд.

Дар худи ширкати ҳавопаймоӣ низ ба шарҳу тавзеҳи ин масъала омода нестанд, зеро то ҳол огоҳиномаи расмӣ дар бораи бекор шудани маҳдудиятҳо барои парвоз ба пойтахти Русияро нагирифтаанд.

Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон низ дар бораи таъини ширкати дуюми ҳавопаймоӣ аз ҷониби Русия ҷиҳати иҷозаи парвоз аз фурудгоҳи Жуковский маълумот надоданд. Дар ин бора қаблан ВАО-и Русия хабар дода буд.

Дар Вазорат изҳор намуданд, ки миёни ҷонибҳо баъзе масъалаҳои ҳалношуда боқӣ мондаанд, ки зимни гуфтушунидҳои дар моҳҳои июн ва июл пешбинишуда баррасӣ мешаванд. «Мақомоти авиатсионии ҳарду кишвар тавофуқ ҳосил намуданд, ки ҳамаи масъалаҳоро давра ба давра ҳал мекунанд», - гуфтанд дар Вазорати нақлиёти ҶТ.

Ёдрас мекунем, ки рӯзи 28 апрел дар Маскав гуфтушунидҳои мақомоти авиатсионии Русия ва Тоҷикистон ба итмом расиданд. Ҳайати Тоҷкистонро дар ин гуфтушунидҳо муовини вазири нақлиёти ҷумҳурӣ Шералӣ Ганҷалзода роҳбарӣ кард.