Беш аз даҳ кишвари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, Афғонистон, Россия, Чин, Эрон, Покистон, Кореяи Ҷанубӣ, Олмон, Беларус, Полша ва Амороти Муттаҳидаи Араб молу маҳсулоти худро дар Намоишгоҳ- ярмаркаи байналмилалии универсиалии «Тоҷикистон -2017» /TAJIKISTAN-2017/ ба намоиш мегузоранд.
Бино ба иттилои АМИТ “Ховар”, ин чорабинӣ рӯзҳои 27-29 июли соли равон дар маҷмааи давлатии «Кохи Борбад»-и пойтахт доир гардида, Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон аз созмондиҳандагони намоишгоҳ мебошад.
Гуфта мешавад, рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дар заминаи ташкили корхонаҳои муштарак, воридоти техникаю таҷҳизоти муосир ва баланд бардоштани иқтидори содиротии кишвар, инчунин табодули таҷриба аз ҳадафҳои асосии намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2017» аст.
Интизор меравад, ки корхонаю ширкатҳои тавлидотии беш аз даҳ кишвари ҷаҳон молҳои саноатии худро дар намоишгоҳ, ки аз бахшҳои саноати энергетика, мошинсозӣ, масолеҳи сохтмонӣ, нақлиёт, логистика, маҳсулоти нафтӣ, саноати кӯҳӣ, масолеҳи сохтмонӣ, бастабандӣ, хӯрока, дорусозӣ, сайру саёҳат ва ҳунармандӣ иборат аст, ба намоиш гузоранд.




