Давоми шаш моҳи соли равон ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик Эйр” ба 159 ҳазору 400 нафар мусофирон хизматгузорӣ кардааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 11 ҳазору 700 нафар зиёд аст.
Дар иттилоияи интишоршудаи ширкат қайд мешавад, ки дар ин давра ҳаҷми боркашонӣ низ ба миқдори 44,9 тонна афзудааст.
Гуфта мешавад, ҳаҷми умумии бору маҳсулоти давоми ним сол кашонидашуда қариб 460,6 тоннаро ташкил додааст. Дар ин давра ширкат 198 тобути шаҳрвандон ва беш аз 100 нафар шаҳрвандони ихроҷшудаи Тоҷикистонро аз Русия ба ватан интиқол додаааст.
Зикр мегардад, ки дар давраи ҳисоботӣ ба ширкат 59 ариза ворид гардидааст, ки ҳамаи онҳо дар муҳлати муайяннамудаи қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳаллу фасл шудаанд.
Дар ин давра “Тоҷик Эйр” 1090 парвоз анҷом додааст, ки 348-тои онҳо (31,3%) асосан бинобар сабаби номусоидии обуҳаво бо дермонӣ сурат гирифтаанд.
Қайд мешавад, ки ҳоло ширкат 35 адад ҳавопаймо ва чархболҳо дорад, ки 5-тои онҳо дар ҳолати коршоямӣ, 1 адад дар хизматрасонии техникӣ ва 29 адад дар ҳолати нигоҳдорӣ қарор доранд.