Сабаби қатъи барқ дар як қисми Душанбе шаби 19-уми декабр садама дар хатҳои баландшиддати интиқоли барқи ҷумҳуриявӣ будааст. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” аз ҶСК “Шабакаҳои тақсимотии шаҳри Душанбе” хабар доданд.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ки барқ дар чанд ноҳияи шаҳри Душанбе, аз ҷумла дар 103-юм микроноҳия, кӯчаи “Профсоюз”, 33-юм микроноҳия ва баъзе кӯчаҳои маҳаллаи Зарафшон дар пайи садама дар зеристгоҳи “Нав” қатъ гардид.
“Корҳо барои рафъи садама ҳамагӣ 23-24 дақиқа идома карданд. Мутахаcсисон мушкилро фавран ҳал карданд”, - гуфтанд дар ин ниҳод.
Аммо манбаъ сабаби аслии садамаро мушаххас шарҳ надод, танҳо зикр намуд, ки гурӯҳи кории махсусе таъсис дода шудааст, ки ба таҳқиқи сабабҳои ҳодиса машғул аст.
Дирӯз тақрибан соатҳои 19:30 дақиқа дар як чанд ноҳияҳои шаҳри Душанбе барқ қатъ гардид. Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ навиштанд, ки дар пайи қатъ шудани барқ давоми чанд дақиқа садои баландро шунидаанд. Мақомот то ҳол шарҳ надодаанд, ки ин садои чӣ буд.
Ёдовар мешавем, ки аз 22-юми сентябр дар Тоҷикистон маҳдудият ё “лимит”-и барқ расман ҷорӣ шудааст. Ширкати “Барқи тоҷик” мушкилро ба камбуди об ва афзоиши талаботи аҳолӣ ба барқ унвон карда буд.
Дар чанд рӯзи охир сокиони маҳаллаҳои атрофи Душанбе нигаронӣ мекунанд, ки ҳамарӯза барқи онҳо низ чанд соат қатъ карда мешавад.
Дар пайи ҷорӣ шудани “лимит”-и барқ дар кишвар Вазорати энергетика ва захираҳои об дар асоси қарори ҳукумати кишвар “Шабакаҳои тақсимоти барқ”-ро муваззаф кард, ки аҳолиро дар як шабонарӯз 10 соат барқ таъмин кунад: субҳ аз соати 5:00 то 8:00 ва шом аз соати 16:00 то 23:00.
Аммо сокинони кишвар ҳамоно аз бенизомии реҷаи барқ шикоят карда, мегӯянд, ки аз 5 то 8 соат дар як шабонарӯз бо барқ таъмин ҳастанд.
Таъмини аҳолӣ бо нерӯи барқ дар тирамоҳу зимистону баҳор яке аз мушкилиҳои асосии Тоҷикистон аст. Қаблан масъулини Вазорати энергетика ва захораҳои оби кишвар ва “Барқи тоҷик" гуфта буданд, ки то нерӯгоҳи “Роғун” пурра ба кор надарояд, “лимит”-и барқ дар кишвар боқӣ мемонад.





Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
"Moody’s" мавқеи соҳибихтиёрии қарзии Тоҷикистонро як зина беҳтар арзёбӣ кардааст
Бордорконии "ЭКО" дар Ислом – иҷоза аст ё мамнӯъ? Муфтии Тоҷикистон посух дод
Қариб 290 шаҳрванди Тоҷикистон то шоми 6-уми март аз Эрон берун шудаанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста