Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ рейтинги рақобатпазирии глобалии 137 кишвари дунёро давоми солҳои 2016-2017 таҳия намуд, ки дар он дар баробари нишондиҳандаҳои иқтисодӣ ба сифати роҳҳо ва зербино низ баҳогузорӣ шудааст.
Бино ба маълумоти сомонаи расмии СҲШ, байни давлатҳои минтақаи Осиёи Марказӣ Тоҷикистон мақоми 70-ум, Қазоқистон - 115 ва Қирғизистон зинаи 122-юмро ишғол намуда, Туркманистону Ӯзбекистон дар рейтинг зикр нашудаанд.
Ба даҳгонаи кишварҳои пешсаф АМА, Сингапур, Швейтсария, Гонконг, Нидерланд, Япония, Франсия, Португалия, Австрия, ИМА шомил гардида, Мадагаскар, Гаити, Конго ва Мавритания дар зинаҳои охир ҷойгир шудаанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.