Бонки ҷаҳонӣ ҷиҳати коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва расидан ба суръати нисбатан баланди рущди иқтисод, тақвияти нақши бахши хусусиро дар иқтисод ба Тоҷикистон тавсия медиҳад.

Бонки ҷаҳонӣ зикр мекунад, ки тариқи фароҳам овардани шароити бештар мусоидтар барои тиҷорат метавон ба суръати баландтари рушд ноил гардида, беҳтар кардани шароит барои соҳибкорӣ ба афзоиши сармоягузориҳо ва таъсиси ҷойҳои кории зиёд имкон медиҳад.

Ба ҷумҳурӣ ҳамчунин таҷдиду баланд бардоштани самаранокӣ ва фарогирии ҳамагонии хизматгузориҳои заминавии иҷтимоӣ, беҳтар кардани ҳамгиройии кишвар бо бозорҳову дастовардҳои минтақавӣ ва ҷаҳонӣ тавсия дода шудааст.

Қайд мешавад, ки ҳукумати Тоҷикистон ду баробар афзудани ҳаҷми ММД дар соли 2020, васеъ кардани синфи миёна ва коҳиши сатҳи камьизоатӣ то 20 фоизро дар нақша дорад.

Қобили зикр аст, ки аз соли 2000 то соли 2016 сатҳи камбизоатӣ дар ҷумҳурӣ аз 83 то ба 30 фоиз коҳиш ёфта, соли 2016 сатҳи камбизоатӣ дар шаҳрҳо 23,7 ва минтақаи деҳот - 33,5 фоизро ташкил дод.