Дар Тоҷикистон аз ҳисоби ба истифода додани иқтидорҳои нав, ҳамасола ҳаҷми истеҳсоли тиллоро 6% афзуданианд.
«Барои давраи то соли 2030 зиёдшавии истеҳсоли солонаи тилло аз ҳисоби ба кор даровардани иқтидорҳо ва корхонаҳои нави саноатӣ ҳамасола дар сатҳи 6 фоиз пешбинӣ шудааст», - гуфта мешавад дар Стратегияи рушди саноати ҶТ дар давраи то соли 2030.
Лоиҳаи нави Стратегияи мазкурро охири моҳи март ҳукумати ҷумҳурӣ тасдиқ ва ҳафтаи гузашта палатаи поёнии парлумон онро маъқул шуморид.
Таҳиягарони лоиҳа бар ин назаранд, ки барои рушди минбаъдаи истихроҷи тилло дар Тоҷикистон захираҳои тавозунии мавҷудаи гурӯҳи конҳои пошхӯрдаи Хунукоб, Сариғор, Кофирбача, Панҷакент, Мастчоҳ, Яғноб, Возгина, Обиравнов, Дулоби сангов муҳим мебошанд.
Дар стратегияи нав роҳандозии як қатор тадбирҳо, аз ҷумла соддагардонии додани иҷозатномаҳо барои конҳои хурд, фароҳам овардани шароити мусоиди қарздиҳӣ барои истеҳсолкунандагон, таъсиси артелҳои заршӯён аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ барои истихроҷи металлҳо ва сангҳои қиматбаҳо, ташкил ва зиёд намудани нуқтаҳои харидории металлҳои қиматбаҳо ва ғайра пешбинӣ шудааст, ки ба афзоиши истихроҷ ва истеҳсоли тилло мусоидат менамояд.
Қобили зикр аст, ки пешниҳоди Вазорати молияи ҶТ дар бораи озодона машғул шудан ба истихроҷи тилло аллакай муддати ду сол аст, ки мавриди баррасии ҳукумат қарор дорад. Агар чунин қарор қабул шавад, шаҳрвандони кишвар дар қаламравҳое, ки дар ихтиёри ин ё он корхонаву ширкат қарор надоранд, метавонанд озодона ба истихроҷу дарёфти тилло машғул шаванд ва барои он иҷозати Вазорати молияро гирифтан зарур аст.
Барои истихроҷи тилло дар қаламравҳои муайян иҷозат дода мешавад. Ин қаламравҳо набояд ба шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ тааллуқ дошта бошанд ва дар онҳо эҳтимоли мавҷудияти ин металл бояд зиёд бошад. Масалан, водиҳои дарёҳои Зарафшон, Панҷ, Язғулом, Ванҷ, Бартанг ва ғайра.
Тиллои дарёфтшударо шахс метавонад озодона ба сохторҳои давлатии молиявӣ фурӯшад. Нархи харидории тилло аз аҳолиро Вазорати молия муқаррар мекунад.
Дороиҳои тиллои Тоҷикистон аз 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ иборат аст. Конҳои асосии тиллои Тоҷикистон бо захираҳои тавозунӣ дар қисмати марказии ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд.
Бино ба маълумоти Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, соли 2017 дар Тоҷикистон оид ба ҳаҷми истеҳсоли тилло рекори нав гузошта шуд - 5,5 тонна. Ҳамаи тиллои истеҳсолшударо Бонки миллии Тоҷикистон харид.
Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.
Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина» ва ширкати «Пакрут» мебошанд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.