“Дар доираи нақшаи чорабиниҳои Барномаи дастгирии давлатии ҶСК “Тоҷик Эйр” дар давраи солҳои 2018-2023, ки соли гузашта қабул шуд, дар мавриди раҳоии ширкат аз буҳрони ҳозира тадбирҳо роҳандозӣ шудааст”, - хабар дод роҳбари нави ширкати ҳавопаймоӣ Дилшод Исматуллозода зимни нишасти матбуотӣ.
Ӯ қайд кард, ки дар доираи ин тадбирҳо аз ҷумла кам кардани хароҷот, ҷорӣ намудани технологияҳои нав, тарзу усулҳои муосиру нави идоракунӣ, харидории ҳавопаймоҳои нав ва ғайра пешбинӣ шудааст.
“Мутаассифона, - гуфт Исматуллозода. – Ҳавопаймоҳои мо куҳна буда, ният дорем, ки техникаи мавриди истифода қарорнадоштаро, ки дар тавозуни шркат қарор доранд, фурӯхта, баҳри пардохт кардани қарзҳоямон воситаҳои иловагӣ дарёбем”.
Исматуллозода таъкид дошт, ки “ширкат тибқи барномаи қабулшудаи дастгирӣ амал намуда”, умедворӣ изҳор кард, ки “амалисозии тадбирҳои он барои расидан ба мақсадҳои гузошташуда мусоидат менамояд”.
Зимнан зикр шуд, ки айни замон танҳо як ҳавопаймои АН-28-и ширкати ҳавопаймоӣ мавриди истифода қарор дорад.
Бино ба гуфтаи ӯ, яке аз ҳавопаймоҳои ширкат дар фурудгоҳи Внуковои шаҳри Маскав қарор дорад.
“Мо таъмири техникӣ гузаронидем, лекин мутаасссифона, барои пардохти он пул нест. Ҳозир бо чанде аз ниҳодҳои молӣ гуфтушунид дорем, то ки воситаҳо ҷалб намоем. Умедворам, ки ояндаи наздик ин масъала ҳал мешавад”, - иброз дошт ӯ.
Ҳавопаймои дуюми “Боинг”-и ширкат мудддати тӯлониест, ки барои қарзҳо назди ҶСК “Ширкати таъминоти сӯзишворӣ” таҳти ҳабс қарор дорад.
“Рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта мо дар мавриди ин масъала созиш ҳосил намуда, ҳозир ҳабси ин ҳавопаймо бекор шуд. Пас аз анҷоми расмиёти муайян мо метавонем онро истифода кунем”, - иброз дошт Исматуллозода.
Ба гуфтаи директори Агентии авиатсияи гражданӣ Икром Субҳонзода, алҳол мушаххасан гуфтан наметавон, ки кай ширкат парвозҳояшро барқарор мекунад.
“Ин ба бисёр омилҳо вобаста аст, аз ҷумла омодагии техникӣ, ҷалби воситаҳои зарурӣ ва боз дигар омилҳо. Мо ҳама ба ҳарчи зудтар барқарор шудани парвозҳои ширкат бо таърихи беш аз 95-солаи фаъолият манфиатдорем. Ҳарчи зудтар ба фаъолият оғоз намояд, барои ҳама беҳтар аст”, - илова намуд Субҳонзода.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.