Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон чанде пеш, рӯзи 25 ноябр санади Дурнамои сиёсати пуливу қарзии ҷумҳуриро барои соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат қабул кард.
Зимни шарҳи ин санад ба вакилони парлумон раиси тозатаъини Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) Ҳоким Холиқзода қайд кард, ки ҳадафи аслии Бонки миллӣ дар таҳияи ин санад дар нигаҳдории нархҳо дар бозори дохилии истеъмолӣ дар сатҳи устувор ифода меёбад, хабар медиҳад хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони кишвар.
Ба гуфтаи Холиқзода, он тавассути истифодаи механизму фишангҳои сиёсати пулию қарзӣ барои пешгирии фишороварии омилҳои монетарӣ ба сатҳи нархҳо амалӣ мегардад.
Ӯ илова намуд, ки дар лоиҳаи санад идомаи ислоҳот дар самти тақвият додани сиёсати пулию қарзӣ бо мақсади нигоҳдории сатҳи таваррум пешбинӣ шудааст, ки барои таъмини рушди устувори иқтисодӣ ва баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии мардум заминаи мусоид фароҳам меорад.
Сандаи қабулшуда шарҳи мухтасари вазъи молиявӣ-иқтисодӣ ва сиёсати пуливу қарзиро дар соли 2021 дар бар мегирад. Ҳамчунин он аз нишондиҳандаи мақсаднок ва татбиқи механизму абзори сиёсати пуливу қарзии кишвар дар соли 2021 ва дар давраи миёнамуҳлат иборат аст.
Ёдрас мекунем, ки сатҳи тавррум дар бозори истеъмолии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-октябри соли равон 7%-ро ташкил дод.
Дар ин давра нархҳо ба маҳсулоти хӯрокворӣ 9,6%, маҳсулоти ғайриозуқа - 4,4% ва хизматрасониҳои пулакӣ - 3,6% боло рафтанд.
Дар ин давра аз ҳама зиёдтар шакар (37,8%), билетҳои сафар бо ҳавопаймо (30%), равған (21,6%), маснуоти нонӣ (12,2%), картошка (11,2%) ва гӯшт (5,7%) қимат шуданд.
Ҳукумати Тоҷикистон нигаҳдории таваррумро дар соли ҷорӣ дар сатҳи ҳудуди 6% ба нақша гирифта, лекин ниҳодҳои молиявии байнулмилалӣ афзоиши сатҳи дурақамаи нарху тарифҳоро дар ҷумҳурӣ пешгӯйӣ мекунанд.
Қобили зикр аст, ки Ҳоким Холиқзода як ҳафта пеш ба ҷойи раиси пешин Ҷамшед Нурмаҳмадзода раиси БМТ таъин шуд. То ин дам ӯ ба ҳайси муовини раиси Бонки миллӣ кор мекард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.