Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи сармоягузориро байни ҳукумати Тоҷикистон ва ширкати «Композит Т. А.» оид ба сохтмон ва истифодабарии корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишагиву плостикиро дар шаҳри Душанбе тасдиқ кард.
Зимни суханронӣ доир ба ин масъала назди вакилон раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ Саъдӣ Қодирзода изҳор дошт, ки барои сохтмон ва муҷаҳҳазгардонии ин корхона ширкати «Композит Т. А.» ҳудуди 8 млн доллар маблағ сарф мекунад.
Барои сохтмони корхонаи мазкур 4 гектар қитъаи замин ҷудо шуда, пас аз мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтан наздики 100 нафар шаҳрвандон бо ҷойи корӣ дар он таъмин мешаванд.
Мувофиқи нақша, иқтидори истеҳсолии корхона то 150 км қубур дар як сол ва масоҳати онҳо аз 300 мм то 3000 мм-ро ташкил хоҳад дод.
Истеҳсоли маҳсулот дар ин корхона тахминан охири соли ҷорӣ оғоз мегардад.
Ба гуфтаи Қодирзода, соли гузашта Тоҷикистон аз хориҷи кишвар ба маблағи 7,5 млн доллар қубурҳои шишапластикӣ харид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.