Моҳи ноябр аз оғози кори агрегати якуми неругоҳи барқи обии “Норак” ним аср пур мешавад.
Бонки ҷаҳонӣ дар бораи бузургтарин неругоҳи барқии обии Тоҷикистон - “Норак” ва инчунин дастгирии молиявии корҳои таъмиру навсозӣ дар ин неругоҳ маълумоти мухтасари хулоссавӣ ба нашр расонид.
Корҳои таъмиру таҷдиди неругоҳи барқи обии “Норак” соли 2007 оғоз гардиданд. Қобили зикр аст, ки аз ҳаҷми умумии барқи дар ҷумҳурӣ истеҳсолмешуда қариб нисфи он ба неругоҳи мазкур рост меояд.
Барои амалисозии марҳилаи аввали лоиҳа Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ (БҶ) 226 млн доллар (56,6 млн - грант, 169 млн - қарзи имтиёзнок) маблағгузорӣ намуда, анҷоми ин марҳила соли 2023 дар назар аст.
Дар марҳилаи дуюм (солҳои 2022-2030) Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ 115 млн доллар маблағгузорӣ мекунад. Ин сармоягузории бебозгашт аз ҳисоби маблағҳои Ассотсиатсияи байнулмилалии рушд (узви Гуруҳи БҶ, ки ба кишварҳои камбизоаттарини ҷаҳон грант ҷудо мекунад) аллакай маъқул дониста шудааст.
Нимаи моҳи ноябри соли равон аз оғози истифодаи НБО “Норак” ним аср пур мешавад. Маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани агрегати аввали неругоҳ 15 ноябри соли 1972 доир гардида, охири соли 1979 неругоҳ пурра ба истифода дода шуд.