Буҷети Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон (ВМКБ) дар соли 2025 ба андозаи 281,9 млн сомонӣ (25,8 млн доллар) зиёд шуда, 473 млн сомонӣ (43,3 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.

Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилоят хабар медиҳад, дар ин бора рӯзи 24 декабр раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот дар иҷлосияи 22-юми Маҷлиси вакилони халқи ВМКБ хабар дод.

Зимни ҷаласа таъкид шуд, ки тайи 3 соли ахир ба иқтисоди минтақа зиёда аз 5 млрд сомонӣ (457 млн доллар) маблағ ҷалб шуд, ки 3 млрд сомонӣ (274 млн доллар)-и он тариқи форуми “Помиринвест” ворид шудааст.

Дар ин давра дар ВМКБ сохтмони 892 иншоот ба маблағи 1,2 млрд сомонӣ (109,8 млн доллар) ба итмом расонида шудааст. Соли 2024 ҳаҷми истеҳсоли саноатӣ ба 300 млн сомонӣ (27,4 млн доллар) расидааст, ки 89 млн сомонӣ (8,1 млн доллар) зиёдтар нисбат ба як соли пешин мебошад.

Дар иҷлосияи ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои муҳими зерсохтории мавриди амал дар минтақа, аз ҷумла сохтмони қитъаи роҳи мошингарди  Душанбе - Хоруғ - Кулма, пул дар Хоруғ, роҳи автомобилгард дар ноҳияи Шуғнон ва неругоҳи барқи обии “Себзор” дар ноҳияи Роштқалъа баррасӣ шуд. Маблағи умумии ин лоиҳаҳо ба 3,7 млрд сомонӣ (338,4 млн доллар) баробар аст.

Раиси минтақа муҳим будани тақвияти кори идеологӣ ва ҷалби ҷомеа, бахусус ҷавонон, масоли бунёди иншооти нав ва ободони минтақаро таъкид кард.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.