Мақомоти Ӯзбекистон арзиши анҷоми расмиёти гумрукии воридоти сементро аз Тоҷикистон қариб 9 маротиба боло бурданд. Ин тағйирот барои мо чӣ паёмадҳо дошта метавонад?
Содиркунандагони сементи Тоҷикистон тақрибан як моҳ пеш бо мушкилоте дучор шуданд, ки онҳоро ба қатъи содирот ба Ӯзбекистон маҷбур кард. Аз 5 ноябри соли равон мақомоти гумруки Ӯзбекистон барои анҷоми расмиёти гумрукии воридоти ҳар як тонна семент аз Тоҷикистон 300 доллар талаб мекунанд. Қаблан ин пардохтҳо ҳамагӣ 35 доллар барои ҳар тонна буд.
Боҷи навбатии гумрукӣ маҳсулоти Тоҷикистонро дар бозори Ӯзбекистон рақобатнопазир гардонид.
Содиркунандагон мутмаинанд, ки боло бурдани маблағи пардохтҳои гумрукӣ бо маслиҳати корхонаҳои истеҳсоли сементи Ӯзбекистон сурат гирифтааст.
“Тибқи маълумоти расида, рӯзи 16 октябр дар Самарқанд бо иштироки намояндагони баъзе корхонаҳои истеҳсоли семент, ки сармоягузоронашон асосан шаҳрвандони Чин мебошанд, маҷлис баргузор шудааст. Дар маҷлис масоили марбут ба рушди соҳаи истеҳсоли семент дар Ӯзбекистон, нархгузорӣ ба ин масолеҳи сохтмон, инчунин созиш (маслиҳат) байни истеҳсолкунандагони семент дар ин кишвар баррасӣ шудааст”, - гуфт як манбаи “Азия-Плюс”.
Манбаъ таъкид дошт, ки айни замон дар қаламрави Ӯзбекистон 30 корхонаи истеҳсоли семент фаъолият дошта, сохтмон ва таъмиру навсозии чандин иқтидори дигар идома дорад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, манъи пурраи воридоти ин маҳсулот аз эҳтимол дур нест.
Гароншавии ногаҳонии пардохтҳои гумрукӣ шояд бо ташаббуси истеҳсолкунандагони сементи Ӯзбекистон пешниҳод шудааст. Бо вуҷуди ин, чунин тағйирот танҳо бо қарори ҳукумат амалӣ шуда метавонад, аммо ҳуҷҷати расмие, ки инро тасдиқ кунад, дар дастрасии кушод дарёфт нашуд.
Ҳамчунин то ҳол аз сохторҳои марбутаи Тоҷикистон низ, аз ҷумла Вазорати саноат дарёфти шарҳу тавзеҳи масъала муяссар нагардид.
Ёдрас мекунем, ки соли 2020 низ ҳукумати Ӯзбекистон бо қарори худ воридоти сементро аз 1 май то охири ҳамон сол боздошта буд. Аммо баъди се ҳафта бо қарори дигари худ аз 23 май ин маҳдудиятро бекор кард.
Моҳи июли соли 2023 ҳукумати Тоҷикистон содироти сементро муваққатан манъ кард, лекин баътар он бекор шуд. Раҳбарияти Вазорати саноат он замон инро чунин шарҳ дода буд, ки содирот ҳамагӣ панҷ рӯз манъ шуда, он бо сабаби камбуди сементи хушсифат дар сохтмонҳои иншооти стратегии ҷумҳурӣ ҷорӣ шуд.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон дар баробари Қирғизистон таъмингари асосии Ӯзбекистон бо семент маҳсуб меёбад.
Оқибатҳои имконпазир
Коҳиши содироти ҳар гуна маҳсулот мутаносибан ба камшавии истеҳсоли он боис мегардад. Дар Тоҷикистон солҳои охир аз панҷ як ҳиссаи сементи истеҳсолшуда ба содирот равона мешуд.
Тибқи маълумоти Вазорати саноати Тоҷикистон, соли 2023 дар ҷумҳурӣ ҳудуди 4,5 млн тонна семент истеҳсол шудааст, ки зиёда аз 940 ҳазор тоннаи он ба хориҷи кишвар интиқол ёфтааст. Ин маҳсулот танҳо ба Афғонистон ва Ӯзбекистон фиристода мешавад, қариб дар ҳаҷми баробар - мутаносибан 53% ва 47% (аз рӯйи натиҷаҳои соли 2023).
Бар асоси ин омор, истеҳсолкунандагон ва содиркунандагони сементи Тоҷикистон маҷбур хоҳанд шуд ҳаҷми истеҳсолро тақрибан 10% кам кунанд. Ин метавонад ба ихтисори кормандон ва коҳиши даромад аз пардохти андоз ба буҷети давлат боис гардад.
Ғайр аз ин, қисмати муайяни даромади асъории кишвар аз ҳисоби содирот коҳиш меёбад. Дар соли 2023 содирот аз воридот қариб 2,5 баробар кам буд: он ҳамагӣ ба маблағи зиёда аз 2,4 млрд доллар расида, воридот ҳудуди $5,9 млрд долларро ташкил дод.
Таносуби манфии ҳаҷми байни содирот ва воридотро асосан муҳоҷирони меҳнатӣ мепӯшонанд, ки бо интиқоли пул камбуди асъорро дар кишвар пурра ҷуброн мекунанд. Тибқи маълумоти Бонки ҷаҳонӣ, дар соли 2023 муҳоҷирон ба Тоҷикистон дар ҳаҷми рекордии 5,7 млрд доллар пул фиристодаанд, ки ин қариб нисфи ММД-и ҷумҳуриро ташкил медиҳад.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон аз воридоти молу маҳсулоти тайёр вобастагии зиёд дорад. Зиёда аз нисфи молу маҳсулоти ниёзи аввали муҳим, аз ҷумла маводи сӯзишворӣ, зироати ғалладона, орд ва ғайра аз ҷумлаи онҳоянд. Барои харидани молу маҳсулоти зарурӣ дар бозорҳои кишварҳои хориҷӣ бошад, асъори хориҷӣ лозим аст.
Кишвари бой аз семент
Тайи 14 соли ахир сармоягузорони Чин ба 23 баробар афзоиш ёфтани истеҳсоли семент дар Тоҷикистон - аз 195 ҳазор оннна дар соли 2009 то ба 4,5 млн тонна дар соли 2023 кумак карданд.
Зиёда аз 80%-и истеҳсол ба 3 корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин - “Ҷунгтсай Моҳир семент”, “Хуаксин Ғаюр семент” ва “Хуаксин Ғаюр Суғд семент” рост меояд.
Дар Тоҷикистон зиёда аз 16 корхонаи истеҳсоли семент амал карда, иқтидорҳои нав сохта мешаванд. Аз ҷумла, дар ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон ширкати “Ориён Инвест” корхонае сохта истодааст, ки аз лиҳози иқтидор бузургтарин (1,8 млн тонна дар як сол) хоҳад буд. Айни замон “Тоҷиксемент” (иқтидораш 1,2 млн тонна дар як сол), ки соли гузашта дар қаламрави берун аз шаҳри Душанбе сохта шуд, бузургтарин корхонаи истеҳсоли семент маҳсуб меёбад.
Қаблан ҳанӯз соли 2017 коршиноси австралиягӣ Дирк ван дер Клей дар мақолаи худ таҳти унвони “Чин истеҳсоли ифлоси сементи худро ба Тоҷикистон интиқол медиҳад” вазъи марбут ба аз ҷониби ширкатҳои Чин интиқол додани корхонаҳои истеҳсолӣ ба Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистонро мавриди таҳлил қарор дода буд.
Дар мақола аз ҷумла зикр шуда буд, ки “бар асари ҷорӣ шудани меъёрҳои шадиди экологӣ дар Чин, сармоягузорони ин бахш барои афзоиши даромади худ ва сохтмони корхонаҳои нав кишварҳои дигари мусоид ҷустуҷӯ мекунанд ва Тоҷикистон яке аз ин кишварҳост”.
Дар ҳамин ҳол, экологҳо чандин маротиба дар мавриди афзоиши назарраси истеҳсоли семент, ки ба муҳити зист ва солимии аҳолӣ зарари ҷубронноназир мерасонад, изҳори нигаронӣ мекунанд.
Табибон мегӯянд, партовҳои газӣ ҳангоми истеҳсоли семент ба рушди бемориҳои гуногун боис мегарданд, аз ҷумла бронхит, илтиҳоби шуш (пневмония), астмаи бронхиалӣ, кори нокофии дил, сактаи мағзӣ (инсулт), захми меъда ва ғайра. Ҳамчунин, чанги семент сабаби пайдоиши саратони ҳалқ, аксуламалҳои аллергӣ ва заифшавии иммунитет мегардад.
Ҷисми одамони солим низ бо ҳавои заҳролуд мубориза бурда наметавонад. Коршоямии одамон, ҳосилнокии меҳнат ва функсияҳои мағзи сар паст мешаванд.
Хусусиятҳои тиҷорат байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон
Солҳои 90-ум Ӯзбекистон шарики асосии тиҷоратии Тоҷикистон маҳсуб меёфт. Дар соли 1995 ҳаҷми савдои дуҷониба 250 млн долларро ташкил дода буд, ки ду баробар зиёдтар аз ҳаҷми гардиши савдо дар маҷмӯъ бо ҳамаи кишварҳои ИДМ буд.
Баъди ба сардӣ гароидани муносибатҳо байни ду кишвар ҳаҷми гардиши мол аз охири солҳои 90-ум тадриҷан рӯ ба коҳиш овард.
Коҳиши босуръати савдои дуҷониба соли 2009, замоне, ки Ӯзбекистон якҷониба хатҳои интиқоли барқи худро бо Тоҷикистон ҷудо кард ва соли 2012, вақти қатъи интиқоли гази Ӯзбекистон ба истеъмолгарон дар Тоҷикистон ба амал омад.
Дар натиҷа, мувофиқи омори расмӣ, соли 2014 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни кишварҳо ба сатҳи пасттарини таърихии худ - 13 млн доллар поин рафт.
Давоми ду соли минбаъда ин нишондиҳандда қариб то 70 млн доллар расида, лекин болоравии босуръат баъди сари мансаби президенти ин кишвар омадани Шавкат Мирзиёев дар моҳи декабри соли 2016 ва хуб шудани муносибатҳои дуҷониба сурат гирифт.
Мувофиқи маълумоти омории Тоҷикистон, дар ин давра ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Ӯзбекистон 7,2 баробар - аз 70 млн доллар дар соли 2016 то ба 505 млн доллар дар соли 2023 зиёд шуд.
Дуруст аст, ки дар давраҳои аввали сари қудрат будани Мирзиёев содироти маҳсулот аз Тоҷикистон зиёдтар буд (20% дар соли 2018). Лекин Ӯзбекистон давра ба давра содироти молу маҳсулотро ба Тоҷикистон афзуда, дар соли 2023 ҳаҷми воридот аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон (354 млн доллар) дар муқоиса бо содирот аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон (151 млн доллар) қариб 2,4 баробар зиёд шуд.
Айни замон аз Тоҷикистон ба Ӯзбекистон алюминии аввалия, неруи барқ, нахи пахта, маъдан, семент, пӯсти коркарднашуда, пилла, абрешими хом, матоъ, машрубот, қолинҳо ва дигар маҳсулот интиқол дода мешавад. Аз Ӯзбекистон ба Тоҷикистон гази табиӣ, маҳсулоти нассоҷӣ, нуриҳои минералӣ, пластмасса, пойафзол, маснуоти сафолӣ, фулузот (металлҳо)-и ранга, таҷҳизоти барқӣ ва механикӣ ворид карда мешавад. Қисмате аз молу маҳсулоти истеъмолӣ умумӣ аз Чин дар бозорҳои Тоҷикистон бо молу маҳсулот аз Ӯзбекистон иваз карда шуд.