Дар ҷараёни кори конфронси ҳамкории байниминтақавии “Шарикии корӣ ва сармоягузории Русия ва Тоҷикистон”, ки ки имрӯз оғоз шуд, байни ширкатҳои Тоҷикистон ва Русия оид ба ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, илму техника, энергетика, маориф ва дигар бахшҳо зиёда аз 20 созишнома ба имзо расид.

Аз ҷумла байни ширкатҳои соҳавӣ дар бораи истеҳсоли муштараки сурма ва омӯзиши ашёи хоми зеризаминӣ ва металлҳои нодир созишномаҳои ҳамкорӣ имзо шуданд.

Тавре ки дастандаркорони форум хабар доданд, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон бо маҷмааи “Луч” созишнома ба имзо расонида, ҳукуматҳои вилоятҳои Хатлон ва Суғд бо вилояти Пензаи Русия созишномаҳо дар бораи ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ имзо карданд.

Дар соҳаи нақлиёт дар бораи истеҳсоли ядакҳо (притеспҳо) санад ба имзо расид.

Дар шартнома байни корхонаи “Шаҳри ҳушманд”-и Душанбе бо Агентии авруосиёии сармоягузорӣ ва корпоратсияи “Синергия” амалисозии лоиҳаҳои рақамӣ дар пойтахти Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Инноватсияҳои “Шаҳри ҳушманд” дар навбати аввал ба низоми зеҳнии нақлиёт, Хоҷагии манзилию коммуналии рақамӣ, бахшҳои тандурустӣ ва маориф дахл хоҳанд дошт.

Конфронс корашро идома дода, шоми имрӯз бо иштироки сарвазирони Тоҷикистон ва Русия ҷаласаи соҳавӣ доир мегардад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.