Тӯли 25 соли шарикӣ, Бонки Осиёии Рушд (БОР) дар бахшҳои мухталиф дар Тоҷикистон беш аз 2,5 миллиард доллар маблағгузорӣ кардааст. Ин нукта имрӯз, 12-уми июн дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо Масатсугу Асакава, президенти Бонки Осиёии Рушд таъкид гардид.
Хадамоти матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон хабар медиҳад, ки онҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкориҳои Тоҷикистон ва БОР-ро баррасӣ карданд.
Масатсугу Асакава аз имкониятҳои назарраси Тоҷикистон дар истеҳсолу содироти энергияи тозаю барқароршаванда ва дар ин замина рушди “иқтисоди сабз” ёдовар шуда, бори дигар ҷонибдории БОР-ро роҷеъ ба дастгирии саҳми Тоҷикистон дар рӯзномаи глобалии тағйирёбии иқлим тасдиқ намудааст.
“Зимни мулоқот вобаста ба масъалаи ҳамкории ҷонибҳо ҷиҳати идомаи татбиқи ислоҳот ва дигаргунсозии иқтисодӣ табодули андеша сурат гирифт”, - менависад хадамоти матбуоти сарвари давлат.
Гуфта мешавад, ки дар робита ба вазъи мураккаби ҷаҳони имрӯза ва шиддат гирифтани пайомадҳои он андешидани тадбирҳои муштарак оид ба пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири хавфҳо ва омилҳои манфӣ ба иқтисоди миллӣ зарур шумурда шуданд.
Бояд гуфт, ки Масатсугу Асакава дар чаҳорчӯби сафари дурӯзаи худ ҳамчунин бо мақомоти баландпояи давлатӣ барои машварат дар мавриди ниёзҳои рушди Тоҷикистон ва барномаи кумаки БОР дар Тоҷикистон мулоқот хоҳад кард.
Дар ҷараёни ин сафар ҳамчунин таҷлили 25-умин солгарди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон ва ҳамчунин 20-умин солгарди таъсиси намояндагии доимии БОР дар Тоҷикистон дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки БОР донори асосии молиявии Тоҷикистон аст, ки аз соли 2018 ба ин сӯ танҳо ба таври грантӣ иқтисоди кишварро дастгирӣ мекунад.
Тақрибан 34 дарсади ин кӯмакҳо ба бахши нақлиёт, 24 дарсад ба энергетика, 12 дарсад ба идоракунии бахши давлатӣ, 11 дарсад ба кишоварзӣ ва боқимонда ба соҳаи тандурустӣ, маориф, молия ва инфрасохтори шаҳрҳо равона карда шудааст.