Тамкини Меҳробиддин, як паноҳандаи афғонистонӣ, ки бо нашри як навор аз шавҳараш шикоят карда буд, бо далели нақзи муқаррароти паноҳандагӣ, рафтуомад ба кишвараш ва зиндагии ғайриқонунӣ дар Душанбе аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ шудааст.

Мусаввир Баҳодурӣ, раиси Кумитаи муҳоҷирони Афғонистон дар Тоҷикистон ихроҷи номбурдаро ба “Азия-Плюс” тасдиқ кард ва гуфт, ин зан дар Тоҷикистон санади паноҳандагӣ ва раводид дошт, вале бо вуҷуди ин ба Афғонистон рафта меомад, ки хилофи қонунгузорӣ мебошад.

“Ғайр аз ин, номбурда ҳамроҳи шавҳараш дар шаҳри Душанбе зиндагӣ мекард, ҳол он ки, тибқи қарори шаҳрдории Душанбе паноҳандагон ҳақ надоранд, ки дар пойтахт будубош кунанд. Ба ин далоил аз Тоҷикистон ихроҷ шуд”, - шарҳ дод ҳамсӯҳбати мо.

Тасдиқи ин гуфтаҳо тавассути манобеи дигар ғайриимкон аст. Мақомоти Тоҷикистон ин қазияро расман шарҳ намедиҳанд.

Худи Тамкини Меҳробиддин рӯзи 31-уми декабри 2024 дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфта буд, ки “рӯзи 17-уми декабр мақомот бе шарҳи зиёд ӯ, хоҳар ва бародарашро аз хонаашон дар шаҳри Ваҳдат гирифта, ба гузаргоҳи Панҷ бурданд ва ба Афғонистон пеш карданд”.

Бояд гуфт, ки 19-уми ноябри соли 2024 Тамкини Меҳробиддин бо нашри як навор дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз сӯи “марди бегона” шиканҷа шуданаш шикоят карда, аз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон хоҳиш карда буд, ки ба қазияаш расидагӣ кунад.

Рӯзи 20-уми ноябр Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе иттилоъ дод, ки ӯ, на аз сӯи марди бегона, балки аз ҷониби шавҳараш “фишори равонӣ” дидааст.

Ҳамон вақт Тамкини Меҳробиддин бо нашри як баёнот аз шавҳараш узрхоҳӣ карда, гуфта буд, ки минбаъд “итоат ва фармонбардӣ мекунам”.

Баъдан Сафорати Афғонистон дар Тоҷикистон ҳам ба қазияи Тамкини Меҳробиддин таваҷҷӯҳ карда, ҳатто сафир Зоҳири Ағбар бо ин оила гуфтугӯ намуда буд.

Қаблан мақомоти Тоҷикистон даҳҳо шаҳрванди Афғонистонро ки дар Тоҷикистон ҳамчун паноҳанда буданд, бо далоили риоя накардани қоидаҳои будубоши кишвар аз Тоҷикистон ба Афғонистон ихроҷ карда буданд.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.