“Юнистрим” интиқоли асъор бо доллар ва евроро ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон қатъ намуда, танҳо бо рубл кор мекунад. Пулҳоеро, ки бо асъори хориҷӣ гирифта нашудаанд, мизоҷон бояд то 30 сентябр гиранд. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти системаи интиқоли пул хабар додаанд, менависад ТАСС.
“Юнистрим пешниҳод ва интиқоли асъор бо евро ва доллари ИМА-ро ба Тоҷикистон ва аз Тоҷикистон қатъ мекунад. Агар шумо қаблан аз Тоҷикистон ё ба Тоҷикистон пул фиристода, он бо кадом сабабе гирифта нашуда бошад, барои бозпас гирифтани он то 30 сентябр ба бонки интиқоли маблағ муроҷиат кунед”, - гуфта мешавад дар хабари гурӯҳи расмии “Юнистрим” дар “ВКонтакте”.
Дар хабар ҳамчунин зикр мегардад, ки пас аз 30 сентябр бозпас гирифтани асъори бо доллар ва евро ирсолшуда ғайриимкон мегардад.
Рӯзи 20 июл мақомоти ИМА нисбат ба панҷ ташкилоти қарзии Русия таҳримҳо ҷорӣ намуда, аз ҷумла “Юнистрим” низ ба маҳдудиятҳо дучор шуд.
Дар Бонки миллии Тоҷикистон охири моҳи июл дар ин робита изҳор дошта буданд, ки интиқоли пул бо ин система акнун танҳо бо рубл имконпазир аст.