Соли 2024 истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон 10,6% афзуд ва воридоти маҳсулоти хӯрока низ зиёд шуд. Чаро сарфи назар аз афзоиши истеҳсол дар дохили кишвар, Тоҷикистон ба воридот аз хориҷа вобаста боқӣ мемонад?
Мувофиқи маълумоти оморӣ, маблағи умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар Тоҷикистон ба 73,9 млрд сомонӣ расидааст.
Саҳми асосиро дар ин самт афзоиши маҳсулоти растанипарварӣ ба андозаи 13,4% ва чорводорӣ 4,9% гузоштанд. Дар муқоиса бо соли 2023 суръати афзоиш боло рафтааст.
Аммо дар баробари афзоиши истеҳсол воридот ҳам зиёд шуд. Соли 2024 Тоҷикистон ба маблағи 186,9 млн доллар 2227,6 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ харидааст, ки 83,1 ҳазор тонна зиёдтар нисбат ба як соли пеш аст.
Ҳаҷми содирот 268,3 ҳазор тоннаро ташкил дода, лекин афзоиши воридот идома дорад, ҳатто дар мавқеҳои маҳсулоте, ки дар дохили кишвар истеҳсол мешаванд.
Вазири кишоварзӣ ин вазъиятро чунин шарҳ дод:
“Қисми зиёди воридот маҳсулоте мебошанд, ки дар Тоҷикистон парвариш намешаванд: банану мандарин ва хурмо. Аммо зиёд шудани воридот ба ғалладонагиҳо, сабзавот, гӯшт ва маҳсулоти ширӣ низ дахл дорад”.
Коршиносони бахши кишоварзӣ бар ин назаранд, ки афзоиши воридот ба баланд будани арзиши аслии маҳсулоти маҳаллӣ ва норасоии зерсохтор марбут аст. Маҳсулоти воридотӣ бисёр вақт арзонтаранд, зеро истеҳсоли онҳо арзон меафтад.
Дар кишвар камбуди иқтидор барои нигаҳдорӣ ва коркард ба назар мерасад, аз ин рӯ, меваро содир намуда, сипас маҳсулоти коркардшударо бозпас мехаранд.
Афзоиши истеҳсол дар бахши кишоварзӣ падидаи мусбат аст, лекин он мушкилоти вобастагӣ ба воридотро ҳаллу фасл намекунад.
Коршиносон пешниҳод мекунанд, ки тадбирҳои нигаҳдорӣ (захира) ва коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии молу маҳсулоти маҳаллӣ ва дастгирии кишоварзон бо кумакпуливу имтиёзҳо тақвият дода шуда, инчунин аз болои нархҳо дар бозори дохилӣ назорат бурда шавад.
Вазири кишоварзӣ зикр кард, ки болоравии нарх ба маҳсулоти маҳаллӣ ба фоидаи деҳқонон аст, лекин ба истеъмолгарон сарборӣ меорад. Ӯ таъкид дошт, ки барномаи ҳамаҷониба (комплексӣ)-и рушди соҳаи кишоварзӣ ва коркард зарур аст. Соли 2024 нишон дод, ки бидуни ислоҳот, вобастагӣ ба воридот боқӣ мемонад, ҳатто дар сурати ба даст овардани ҳосилҳои рекордӣ низ.

Содирот ва воридот
Содирот: 268,3 ҳаз. тонна маҳсулот ба маблағи 226,7 млн доллар (+1 ҳаз. тонна нисбат ба як соли пеш)
Воридот: 227,6 ҳаз. тонна маҳсулот ба маблағи 186,9 млн доллар (+83 ҳаз. тонна нисбат ба як соли пеш).
Растанипарварӣ
Гандум: истеҳсол – 880,7 ҳаз. тонна, содирот –274,5 млн доллар (1,05 млн тонна).
Картошка: истеҳсол – 1,26 млн тонна, содирот – 36,2 ҳаз. доллар, воридот – 80,1 ҳаз. тонна (17,2 млн доллар).
Пиёз: истеҳсол – 836,9 ҳаз. тонна, содирот – 29,3 ҳаз. тонна (3,2 млн доллар).
Сабзавот: истеҳсол – 2,45 млн тонна, содирот – 1,7 ҳаз. тонна (316 ҳаз. доллар), воридот – 103,4 ҳаз. тонна (29,4 млн доллар).
Мева: истеҳсол – 823 ҳаз. тонна, содирот – 14 ҳаз. тонна (38,4 млн доллар), воридот – 73 ҳаз. тонна (68,6 млн доллар).
Ангур: истеҳсол – 290 ҳаз. тонна, содирот – 26,2 ҳаз. тонна (6,39 млн доллар).
Чорводорӣ
Гӯшт: истеҳсол – 416 ҳаз. тонна, воридот – 8,7 ҳаз. тонна (29,4 млн доллар).
Шир: истеҳсол – 1,17 млн тонна, содирот – 4,7 ҳаз. кг, воридот –12 млн кг (22 млн доллар).
Тухм: истеҳсол – 1,26 млрд дона., содирот – 1,6 млн кг (10,8 млн доллар), воридот – 1,75 млн кг (2,35 млн доллар).
Асал: истеҳсол – 4,88 ҳаз. тонна, содирот – 2,3 ҳаз. кг, воридот – 4,1 ҳаз. кг.
Моҳӣ: истеҳсол – 5,46 ҳаз. тонна, содирот – 495 кг, воридот – 10 млн кг (24 млн доллар).