Ҳукумати Тоҷикистон ният дорад, ки коркарди пахтаро дар дохил то 100% ва ҳаҷми содироти маҳсулоти нассоҷиро то 3 млрд доллар расонад.

Дари ин бора, Қоҳир Расулзода, сарвазири кишвар рӯзи 8 июл дар маросими ифтитоҳи нахустин Форуми байнулмилалии нассоҷӣ дар Душанбе таъкид кард. 

“Имрӯз дар ҷумҳурӣ ҳамагӣ 30%-и пахта коркард мешавад. Ин хеле кам аст. Мо назди худ вазифаи бузургу душвор, вале иҷрошаванда гузоштаем, яъне коркардро то 100% расонем. Ашёи хоми мавҷуда маҳаллист ва кишвар ба воридот дар ин соҳа қариб ки вобаста нест. Ин барои ивази маҳсулоти воридотӣ ва афзоиши содирот имкон фароҳам меорад. Аллкай имрӯз маҳсулоти нассоҷии Тоҷикистон ба зиёда аз 15 кишвар содир шуда, имконоти зиёдтар шудани ин самт хеле назаррас аст”,- зикр кард ӯ.
Қоҳир Расулзода
Акс аз торнамои textileforum.tj

 

Ба ақидаи Қоҳир Расулзода, ин иқдом ба таҳкими мавқеи Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ, таъсиси ҳазорон ҷойҳои корӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ шароит муҳайё месозад.

Шералӣ Кабир, вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон зикр кард, ки рушди соҳаи пахтакорӣ ва нассоҷӣ вазифаҳои стратегияи чоруми миллиро, ки ба суръат бахшидан ба саноатикунонӣ ва ду баробар афзудани истеҳсоли саноатӣ дар ҷумҳурӣ дар зарфи панҷ сол нигаронида шудааст, инъикос мекунад.

“Имрӯз соҳаи нассоҷӣ ба маркази инноватсияҳо табдил меёбад. Мо зиёдшавии таваҷҷуҳро аз ҷониби истеҳсолкунандагони таҷҳизот, сармоягузорон ва шарикони рушд мушоҳида мекунем. Яке аз вазифаҳои муҳиму рӯзмарра барои мо роҳандозии коркарди пурраи ашёии хоми маҳаллӣ мебошад.

Тибқи маълумот, имрӯз ҳудуди 30% аз пахтаи парваришёфта дар дохили кишвар коркард шуда, ҳаҷми боқимонда дар шакли ашёи хом ба хориҷа интиқол меёбад. Соли гузашта маблағи содироти маҳсулоти нассоҷӣ ва нахи пахта ҳудуди 300 млн долларро ташкил дод. Аммо дар сурати ҷалби сармоягузорӣ ва таъсиси занҷираҳои истеҳсолии дохилӣ, мо метавонем ин нишондиҳандаро то 3 млрд доллар зиёд кунем. Ин комилан воқеист”, - изҳор дошт Шералӣ Кабир.

Ӯ гуфт, ки дар чаҳорчӯби ин сиёсат сохторҳо (каластерҳо)-и силсилаи комил - аз парвариши пахта то маҳсулоти тайёр бунёд шуда, ба назорати хушсифат, гувоҳномадиҳӣ ва ҷорисозии инноватсияҳо таваҷҷуҳ зоҳир мешавад.

Акс аз торнамои textileforum.tj

Ҳамчунин, гуфта шуд, ки барои сармоягузорони хориҷӣ ҳукумат шароитҳои мусоид, аз ҷумла пешниҳоди имтиёзҳо аз пардохти андозу боҷҳои гумрукӣ, минтақаҳои саноатӣ бо зерсохтор, дастгирии тиҷорати хурду миёна ва омодасозии кадрҳо фароҳам меорад.

Тибқи Стратегияи рушди саноати нассоҷӣ, ки ду сол пеш қабул шуд, муҳайё сохтани зиёда аз 600 ҳазор ҷойи корӣ ва таъмини пурраи коркарди пахтаи истеҳсоли маҳаллӣ пешбинӣ мешавад.

Қобили зикр аст, ки аввалин Форуми байнулмилалии нассоҷӣ аз ҷониби Вазорати саноат ва технология бо дастгирии ҳукумати Тоҷикистон ташкил шуда, аз 8 то 10-уми июл дар Душанбе мегузарад. Дар он ҳайатҳои зиёда аз 50 кишвар, аз ҷумла намояндагони ҳукуматҳо, корпуси дипломатӣ, созмонҳои байнулмилалӣ, иттиҳодияҳои корӣ ва ниҳодҳои молиявӣ иштирок мекунанд.

Рамзи форум
Акс аз торнамои textileforum.tj

Ҳадаф аз баргузори форум муаррифии имконоти Тоҷикистон ба сифати маркази саноати нассоҷӣ, имконоти содирот, ҷалби сармоя ва таҳкими ҳамкориҳои байнулмилалӣ дар яке аз соҳаҳои калидии иқтисод унвон мешавад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.