Ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди ҳукумати ҷумҳурӣ як шаҳрванд занг зада, изҳор доштааст, ки мошине дар роҳи Душанбе-Хуҷанд зери тарма мондааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, дар ҷараёни роҳандозии корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот наҷотдиҳандагони Кумита дар километри 71-уми роҳи Душанбе-Хуҷанд мошини тамғаи “Ниссан”-ро, ки аз ҷониби шаҳрванди 47-сола Бахтиёр Шафиев идора мешуд, аз зери ғарами барф берун кашиданд.

Гуфта мешавад, наҷотдиҳандагон ба таври фаврӣ ба ронанда аввалин кӯмаки тиббӣ расонида, ӯро ғизои гарм додаанд. Айни замон ҷабрдида ҳоли хуб дошта, ба ҷойи амн интиқол дода шудааст.

Зикр мегардад, ки баландии ғарами барфи тарма 5 метр буда, масоҳати умумии 12 метрро дар бар гирифта буд.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз шаҳрвандон хоҳиш мекунад аз сафарҳо ба манотиқи тармахез то 18-уми феврал худдорӣ кунанд.

Тибқи маълумоти Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон аз 15-ум то 18-уми феврали соли ҷорӣ боридани барфу борони шадид ва дар ноҳияҳои куҳии кишвар рехтани барфи тар интизор меравад.

Дар роҳҳои мошингарди Душанбе-Хуҷанд, Душанбе-Лахш, Душанбе-Рашт, Душанбе-Сангвор, Душанбе-Хоруғ, Рушон-Хоруғ, Хоруғ-Ишкошим, Хоруғ-Мурғоб эҳтимоли яхбандӣ ва дар минтақаҳое ғарами барф ва хатари лағзиши тарма вуҷуд дорад.

Дар ин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда бори дигар аз аҳолӣ хоҳиш мекунад, ки то ҳадди имкон аз сафарҳо ба манотиқи хатарноки тармахезу яхӣ худдорӣ карда, муваққатан ба ҷамъоварии ҳезум ва шикор ҳам нараванд.

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳову маҳалҳои кӯҳӣ ва ё маконҳои тармахез ҷиддан масофаи таъиншуда миёни мошинҳои дар ҳоли ҳаракатро риоя намоянд.