Субҳи имрӯз ду чархбол бо наҷотдиҳандагону табибон ба маҳалли ҳодисаи садамаи чархболи МИ-8 раҳсипор шуданд, ки рӯзи 12 август зимни интиқоли кӯҳнавардон рух дод, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти Кумита, 12 августи соли 2018  соати 16:30 дақиқа ба вақти маҳаллӣ ҳангоми интиқоли кӯҳнавардон, ки баъд аз баромадан ба  қуллаи Исмоили Сомонӣ ба пойгоҳи худ бармегаштанд, дар поеноби пиряхи Фортамбек  чархболи МИ-8 нишасти сахт намуд. Дар лаҳзаи рух додани ин ҳодиса дар чархбол 13 нафар кӯҳнавардон ва 3 нафар сарнишинон буданд.

Ба гуфтаи ӯ, алҳол сарнагун гардидан ё ба садамаи фалокатбор дучор шудани чархболро наметавон тасдиқ кард, “зеро чархбол зимни нишаст ба мушкилӣ дучор шудааст”.

Дар чархбол 13 нафар кӯҳнавардон ва 3 сарнишини чархбол қарор дошта, ба қароргоҳ дар поёнгоҳи пиряхи Фортамбек барои фатҳи қуллаи Исмоили Сомонӣ раҳсипор буданд.

“Бо чархбол ва мусофирони он алоқа нест, зеро захираи қувваи воситаҳои нерӯдиҳанда (батареяҳо)-и дастгоҳи алоқа (ратсия) ба охир расидааст”, - қайд кард Юсуфӣ.

Зимнан зикр гардид, ки соатҳои наздик дар бораи вазъи кӯҳнавардон ва саринишинони чархбол маълумоти саҳеҳ дастрас хоҳад шуд.

Барои ошкор кардани сабаб ва тамоми ҳолатҳои ҳодиса аз ҳисоби раҳбарияти КҲФ, ВКД, КДАМ, Вазорати мудофиа, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва дигар мақомоти дахлдори ҷумҳурӣ комиссияи ҳукуматӣ таъсис дода шудааст.

Қобили зикр аст, ки қуллаи Исмоили Сомонӣ (собиқ Коммунизм) баландтарин қулла дар Тоҷикистон буда, 7495 метр баландӣ дорад.

Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи  https://t.me/asiaplus  ҳамроҳ шавед.