Як сокини шаҳри Новосибирски Русия бо зарбаи на камтар аз 15 маротиба бо корд собиқ дӯстдухтари худро куштааст. Лаҳзаи куштор дар таҷҳизоти сабти видеоии мошини аз наздашон гузаштаистода сабт шудааст.

Дар кадрҳои навори видео дида мешавад, ки духтар аз назди ҷавон гурехтанӣ шуда, лекин мард ӯро дарёб мекунад ва сипас бо корд ба зарбазанӣ оғоз мекунад, хабар медиҳад РИА Новости.

Ин ҳодиса дар назди ронандаи автомашина ва як шоҳиди дигар рух дода, лекин онҳо аз наздикшавӣ бо ҷинояткори мусаллаҳ ҳарос намудаанд. Пас аз куштани духтар ҷинояткор аз ҷойи ҳодиса фирор мекунад.

Шахсияти ҳамлагар маълум шуда, ӯ сокини 27-солаи маҳаллӣ, шаҳрванди Тоҷикистон Роман Ҳамроев будааст.


Шиносҳои духтар ҳикоят кардаанд, ки қаблан онҳо тайи ду сол бо ҳам муносибат дошта, як ё ду моҳ пеш аз ҳам ҷудо шудаанд.

Ба ақидаи онҳо, сабаби даст ба куштор задани ҷавон рашк аст. Чанд рӯз пеш то ҳодиса ҷавон гуфта будааст, ки маъшуқаааш “ё аз они ӯ мемонад ё аз они ҳеҷ кас” намешавад.

Гумонбаршуда рӯзи 27 июл дар ноҳияи Ленини Новосибирск боздошт шудааст. Шоҳидон бозпурсӣ шуда, ВКД муайян кардааст, ки Ҳамроев қаблан барои лату кӯб ва таҳдиди куштан ба ҷавобгарӣ ҷалб шудааст.

“Гумонбаршуда ният доштааст, ки қаламрави Русияиро тарк кунад, - хабар додаанд дар Сарраёсати ВКД. - Гумонбаршуда ба гуноҳи худ иқрор шуд”.

Гуфта мешавад, айни замон боздоштшуда мавриди бозпурсии муфаттишон қарор доррад. Кадрҳои навори видеои бозпурсӣ дар шабакаи Telegram-и 360tv нашр шуданд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.