Субҳи имрӯз ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии ин кишвар генерали политсия Владимир Колоколтсев ба Тоҷикистон ташриф оварданд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКД Тоҷикистон, меҳмонони олиқадрро дар фурӯдгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро ва вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ Сумангул Тағойзода пешвоз гирифтанд.

Акс: аз сомонаи ВКД ҶТ

Гуфта мешавад, сафари ҳайати Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия дар доираи сафари кории президенти ин кишвар Владимир Путин ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.