Суди олии Тоҷикистон собиқ муовини директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи ҷумҳурӣ Давлатбек Хайрзодаро рӯзи 28 июл ба иттиҳоми порагирӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум кард.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Суди олии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, худи ҳамон рӯз Фаридун Беназирзода, собиқ муовин сардори Раёсати гумруки вилояти Суғд, ки қаблан дар Агентии зиддифасод кор мекард, низ барои ришваситонӣ ба 10,6 соли зиндон маҳкум шудааст.

Зимнан зикр гардид, ки мурофиа нисбати собиқ кормандони Агентии зиддифасод идома дошта, ҳукмҳо нисбати боқимонда иштирокчиёни парвандаи мазкур ҳамин ҳафта содир мешавад.

Аз рӯи ин парванда айни замон боз 12 нафари дигар назди суд ҷавоб мегӯянд, ки 9 нафарашон собиқ кормандони Агентии зиддифасод ва 3 нафар аз сохторҳои дигаранд ва вобаста ба ин парванда айбдор карда мешаванд.

Ёдрас мекунем, ки мурофиаи додгоҳии собиқ кормандони Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, ки рӯзи 19 июл дар Суди олӣ оғоз гардид, пушти дарҳои пӯшида мегузарад.

Қобили зикр аст, ки охири моҳи апрел як гурӯҳи калони кормандони Агентии зиддифасоди Тоҷикистон аз кор озод ва баъдан чанде аз сабукдӯшшудагон ба ҳабс гирифта шуданд.

Нахуст Фирӯз Холмуродзода, собиқ роҳбари Раёсати тафтишоти Агентии зиддифасод ва сипас собиқ муовини ӯ - Фахриддин Бозоров, собиқ муфатттиши ҳамин раёсат Фирдавс Ниёзбадалов (домоди собиқ котиби Шӯрои амният генерал Амирқул Азимов), муовини раиси Раёсати зиддифасод дар вилояти Хатлон Сафаралӣ Ҳомидзода ва роҳбари шуъбаи тафтишоти Агентӣ дар шаҳри Душанбе Амиршо Султонзода ба ҳабс гирифта шуданд.

Санаи 25 апрел собиқ муовини директори Агентӣ Давлатбек Хайрзода дар Хуҷанд боздошт шуд. Моҳи январи соли равон ӯ ба нафақа фиристода шуда буд.