Дар суди ноҳияи Шоҳмансур мурофиаи судӣ оид ба баррасии даъвои адвокат Солеҳҷон Ҷӯраев нисбати Вазоратҳои молия ва адлия бобати зиддиконститусионӣ эътироф кардани амалҳои онҳо идома ёфт.
Муовини аввали вазири адлия Абдуманнон Холиқзода, муовини вазир Мирсаидзода Ҳаким Саид ва маъмури махсуси бонки муфлис эълоншудаи “Тоҷпромбонк” Тақдир Шарипов барои бозпурсӣ ба мурофиа даъват шуданд.
Масъалаи асосии баррасишуда амалҳои Вазоратҳои молия ва адлия оид ба манъи фурӯши иншооти “Тоҷпромбонк” буд, ки Ҷӯраев зиддиконститутсионӣ эътироф намудани онҳоро аз суд дархост кард.
Ёдрас мекунем, ки “Тоҷпромбонк” ба хотири дастрас намудани кумаки молиявӣ аз ҳукумат, охири соли 2016 ба сифати гарави вазъи бонк 113 иншооти ғайриманқулашро ба ихтиёри Вазорати молия гузошт. Лекин кумак гирифта натавонист: моҳи феврали соли 2017 Бонки миллӣ бозхонди иҷозатномаи бонк ва барҳамдиҳии маҷбурии онро эълон кард, ки аллакай якуним сол аст давом мекунад.
Дар ҳамин ҳол, Вазорати молия амволи гарави аз рӯи ҳуҷҷат расмишудаи “Тоҷпромбонк”-ро барнагардонид; гузашта аз ин, ба Вазорати адлия мактуби расмӣ фиристод, ки дубора бақайдгирӣ ва фурӯши амволи бонкро манъ мекунад. Асос барои ин амал қарзи “Тоҷпромбонк” назди Вазорати молия дониста шуд. Вазорат ба бонк 100 млн. сомонӣ қарз дода, вақте ки он баргардонида нашуд, Вазорати молия “чора андешида”, амалан фурӯши 113 дороиро ба маблағи 572 млн. сомонӣ манъ кард.
Вазорати молия супоришро иҷро карда, ба ҳамаи идораҳои нотариалии кишвар дастур дод, ки шарномаҳои хариду фурӯши амволи “Тоҷпромбонк”-ро ба расмият надароранд. Дар ҳамин ҳол, маъмурияти муваққатии бонк фурӯши амволро ба саҳмгузорон ба маблағи даҳҳо миллион 2-3 баробар зиёдтар аз арзиши бозор анҷом дод, изҳор намуд адвокат Ҷӯраев.
Дар ин мурофиа намояндагони Вазорати адлия бо изҳороти Ҷӯраев дар мавриди ғайриқонунӣ будани амалҳояшон розӣ нашуда, зикр карданд, ки ин амалҳо ба хотири ҳимояи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон анҷом дода шуданд.
Адвокат бо шарҳу тавзеҳоти муовини вазири адлия Мирсаидзода розӣ нашуда, аз шарҳу тавзеҳоти муовини вазир Холиқзода қисман қонеъ шуд.
Хабарҳои моро дар Telegram пайгирӣ намоед, ба шабакаи мо бо суроғаи https://t.me/asiaplus ҳамроҳ шавед.