Дар маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Қирғизистон оид ба вазъ дар сарҳад ба итмом расид.

Музокирот соати 7.30 дақиқаи субҳ оғоз шуида, соати 10.15 анҷом ёфт.

Маҳаллаи Баҳори деҳаи Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бо деҳаи Максати ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамсарҳад аст.

Натиҷаҳои пешакии гуфтушунид чунинанд: манораи дидбонгоҳи Қирғизистон кӯчонида шуда, Тоҷикистон манора намесозад.

1/4

Ҳамчунин қарор шудааст, ки то соати 18-и бегоҳ нерӯҳои иловагӣ ва техникаи ҷангӣ аз ҳар ду ҷониб гирифта мешаванд. Дар ин бора ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз мақомоти қудратӣ хабар дод.

Шоми дирӯз дар сарҳад вохӯрии сарвазирони Тоҷикистону Қирғизистон доир гардида, ба ҳайатҳои марбутаи кишварҳо супориш дода шуд, ки кори муштаракро дар маҳалли ҳодиса идома диҳанд, то ки ба ҳалли ҳарчи зудтари мушкилоти бавуҷудомада мусоидат карда шавад.

Дар ҳамин ҳол, зиндагии сокинони маҳаллӣ дар деҳаи Овчӣ-Қалъача бо мароми худ ҷараён дорад, ҳарчанд дирӯз ҳама ҷо баставу кор намекард.

1/5

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.