Айбномае, ки ба шаҳрванди Тоҷикистон Кароматулло Ҷабборов барои саҳнасозии гирифторӣ ба коронавирус пешниҳод гардида буд, вазнинтар шуд. Дар ин бора ба ТАСС адвокати ӯ Роман Шахматов хабар додааст.

“Айбномаи ӯро аз қ.1, моддаи 213 КҶ ФР ба қ. 2-и ҳамин модда иваз карданд. Акнун ӯро натанҳо ба авбошӣ, балки ба авбошӣ бо маслиҳати пешакӣ айбдор мекунанд. Ин ба он вобаста аст, ки дар ин кирдор (ҷониби ҳимоя мутмаин аст, ки ин ҷиноят набуда, як рафтори ночиз аст) якчанд нафар иштирок кардаанд”, - гуфтааст ҳимоятгар. Ба қавли ӯ, аз рӯйи айбномаи нав ба Кароматулло Ҷабборов то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Қаблан суди Черёмушкии Маскав Ҷабборовро ба муҳлати як моҳ ба ҳабс гирифт. Ӯ 8-уми феврал боздошт шуда, намояндагони бозпурсӣ чораи пешгирӣ дар шакли забонхати тарк накардани маҳалли зист интихоб намуданд. Лекин худи ҳамон рӯз маълум шуд, ки ӯ бо нишонии дар суратҷаласаи бозпурсӣ зикршуда зиндагӣ намекунад. Муфаттиши парванда ҳабси ӯро дархост кард.

Намояндаи расмии ВКД Русия Ирина Волк ба ТАСС хабар додааст, ки зимни пайгирии маводи ВАО ва интернет далели вайрон кардани тартиботи ҷамъиятӣ дар Маскав ошкор шуда, ҷавоне дар вагони метро бо вонамуд кардани хуруҷи беморӣ меафтад ва дасту по мезанад. Дар ҳамин ҳол, ҳамроҳони ӯ фарёд мекунанд, ки ӯ ба сирояти вируси хатарнок гирифтор аст. Минбаъд ин навор дар яке аз сомонаҳои видео нашр шуд.

Аз рӯйи далели нашри видео шуъбаи бозпурсии РКД дар метрополитени Маскав дар бораи авбошӣ парвандаи ҷиноятӣ оғоз кард. Ҳаммаслакони Ҷабборови ҳабсшуда ҷустуҷӯ мешаванд. Худи ӯ дар додгоҳ иттиҳомотро эътироф накарда, дархост намудааст, ки ба боздоштгоҳи тафтишотӣ (СИЗО) фиристода нашавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.