Замини наздиҳавлигӣ, ҷойи кору шаҳодатномаи ронандагӣ ва хидмати даъватшавандаҳо дар маҳалли зист аз ҷумлаи ваъдаҳое ҳастанд, ки солҳои ахир роҳбарони шаҳру ноҳияҳо барои ба адои хидмати ҳарбӣ ҷалб кардани ҷавонон додаанд. Аксари ин ваъдаҳо шифоҳӣ дода шудааст. Бархе ҷавонони ба он боваркарда ва хидмати ҳарбиро адокарда мегӯянд, на ҳамаи ваъдаҳои додаи масъулин иҷро мешаванд. Сабаби иҷро нашудани ин ваъдаҳоро коршиносон ба заминаи ҳуқуқӣ надоштани он марбут медонанд.
“Азия-Плюс” тасмим гирифт, ки чанде аз имтиёзу сабукиҳоеро, ки ҳукуматҳои маҳаллии кишвар барои ҷалби ҷавонон ба артиш ваъда медиҳанд, ёдоварӣ кунад ва аз коршиносон сабаби иҷро нашудани бархеи онро пурсон шавад.
Ҷудо кардани замин
Яке аз ваъдаҳое, ки мақомот ба таври шифоҳӣ ба даъватшавандагон медиҳанд, ин бенавбат ҷудо кардани қитъаи замин барои бунёди хона баъди хатми артиш аст. Вале тавре бархе сарбозон мегӯянд, ин ваъда на ҳамеша иҷро мешавад ва онҳо баъди хатми сарбозӣ ҳафтаву моҳҳо пушти дари ҳукумати шаҳру навоҳӣ мераванд, вале “замини ваъдагӣ” ҷудо намешавад.
Мақомот мегӯянд, аризаи дарёфти замин, ки аз ҷониби ҷавони хидмати ҳарбиро адокарда навишта шудааст, дар навбат аст ва бо дарёфти имкон замин ҷудо мешавад.
Шаҳодатномаи ронандагӣ
Ҳамасола, дар ҷараёни маъракаи даъвати ҳарбӣ ҳукуматҳои бархе шаҳру ноҳияҳо хабар медиҳанд, ки ҷавонон бо ихтиёри худ ба хидмат рафтанд ва зимни чорабиние, ки ба муносибати гусели онҳо баргузор шуд, ба даъватшавандагон шаҳодатномаи ронандагӣ тақдим гардид.
Мақомот мегӯянд, барои он ки ҷавонон дилсард нашаванд, пеш аз хидмати аскарӣ ваъдаи додаи худро иҷро мекунанд.
Ин анъана 4-5 сол пеш роиҷ шуд. Ҷавононро пеш аз рафтан ба артиш дар курсҳои бепули ронандагӣ омӯзиш медиҳанд ва дар поёни чунин давраҳо шаҳодатномаи ронандагӣ месупоранд. Ин ҷавонон ройгон ронандагӣ меомӯзанд ва муддати се моҳ бояд ҳам маҳорати ронандагӣ ва ҳам таъмири мошини боркашро аз худ кунанд. Маблағи таълими даъватшавандагон аз тарафи вазорати дифоъ ва аз сӯи ҳукуматҳои шаҳру ноҳия пардохт мешавад.
Бояд зикр кард, ки дар аксари шаҳру навоҳии кишвар аз ин шеваи даъвати ҷавонон ба артиш кор мегиранд ва ба ваъдаашон вафо мекунанд. Вале ҳастанд шаҳру навоҳие, ки ваъда медиҳанд, вале шаҳодатномаи ронандагиро на ба ҳамаи даъватшавандагон медиҳанд.
Кӯмак барои дохил кардан ба донишгоҳ
Ин “сабукӣ” ё “имтиёз” аксаран дар миёни хонандагони мактабҳои миёнаи шаҳру навоҳӣ аз ҷониби комиссияҳои даъват ба артиш таблиғ мешавад. Ба хонандагон ваъда медиҳанд, ки баъди хатми мактаб ба артиш раванд ва баъди ду соли хидмат барои ба донишгоҳ дохил шудан кӯмак дарёфт хоҳанд кард. Яъне барои пардохти маблағи шартномаи донишгоҳ, гирифтани иҷора ё пардохти маблағи хобгоҳ кӯмак мекунанд. Дар асоси кадом қонун, чизе гуфта намешавад.
Соли 2017 Маркази миллии тестӣ низ ба сарбозон имтиёз дода буд. Собиқ сарбозон бар иловаи холи касбкардаашон иловатан соҳиби 75 холи дигар мешаванд.
Гуфта мешуд, ки ин тасмим бо пешниҳоди Сарраёсати неруҳои марзбонӣ амалӣ шуд ва ҳадафаш ба гуфтаи масъулин, “ҷалби бештари ҷавонон ба хидмат ва ҳамин тавр, ба таҳсил дар донишгоҳҳо” мебошад. Маълум нест, ки то ҳол ин имтиёз ҳаст ё не.
Ҳамчунин, соли 2021 парлумони кишвар тағйиру иловаҳо ба қонунеро қабул кард, ки дар асоси он онҳое, ки хидмати аскарӣ кардаанд, дар Тоҷикистон бе озмун ба мактаби олии ҳарбии кишвар дохил мешаванд. Дар Тоҷикистон танҳо як мактаби олии ҳарбӣ - Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа фаъолият мекунад.
Кумакпулии бекорӣ ба сарбоз
Дар асоси қонунгузорӣ ҳар як сарбоз баъди адои хидмати ҳарӣ бояд то 3 моҳ дар ҳаҷми музди меҳнати ҳадди ақали дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайяншуда кӯмакпулӣ барои бекорӣ дастрас кунад. Он шурӯъ аз соли 2020 аз буҷети ҷумҳуриявӣ пардохт мешавад.
Аксари сарбозон дар ин бора хабар надоранд ва ё бино ба “бюрократия”-и ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ аз гирифтани ин маблағ даст мекашанд. Вале масъулини бархе шаҳру навоҳӣ мегӯянд, барои пардохти кӯмакпулӣ маблағи кофӣ ҷудо намешавад.
Хидмати даъватшавандаҳои оиладор дар маҳалли зист
Дар асоси тағйирот ба қонун “Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ”, ки вакилони парлумон соли 2017 қабул карданд, ба сарбозе, ки оиладор аст, имконият дода шудааст, ки дар масофаи то 100 километр то хонааш хидмат кунад, то хабаргирӣ аз хонаводааш осон бошад.
“Қонун ин имкониятро пешниҳод кардааст”, - гуфта буд Эмомалӣ Собирзода, собиқ муовини якуми вазири мудофиаи Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳа дар парлумон.
Вале тавре Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ”, ки ба ҳимояи ҳуқуқи сарбозон машғул аст, мегӯяд, ин банди қонунгузорӣ на ҳамеша риоя мешавад ва аксаран сарбозони оиладор низ барои адои хидмати ҳарбӣ ба дигар минтақаҳо фиристода мешаванд.
Ӯ гуфт, чанде пештар як сарбоз аз шаҳри Истаравшан шикоят кард, ки оиладор аст, бо хоҳиши худ ба хидмат рафтааст, вале барои адои он ба дигар минтақа фиристодаанд. Бо кумаки ташкилоти онҳо ӯ барои хидмат ба минтақаи Суғд оварда шуд, то хабаргирӣ аз хонаводааш осон бошад.
Ба гуфтаи Дилрабо Самадова ба онҳо шикоятҳо дар бораи бар ивази маблағ-пора аз як минтақа ба минтақаи дигар гузаронидани сарбозон барои адои хидмат ҳам расидааст.
Ҷои кор ва шиносномаи хориҷӣ
Роҳбари ташкилоти ҷамъиятии “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” мегӯяд, ҳар сол чанд ҷавони хидмати ҳарбиро адокарда ба онҳо муроҷиат карда, шикоят менамояд, ки дар ҳукуматҳои маҳаллӣ ба онҳо ваъдаи ҷойи кор доданду ҳамакнун ба ин ваъдаи худ вафо намекунанд. Вақте ҷавон баъди хатми хидмат ба ҷои кор меояд, ба ҷои ӯ каси дигар кор мекунад ва ё ӯро бо баҳонаҳои набудани ҷои холӣ ба кор намегиранд.
Ва ё баъзе шикоят мекунанд, ки боз ҳам масъулини мақомоти маҳаллӣ ба онҳо ваъдаи шиносномаи хориҷӣ медиҳанд, аммо баъди адои хидмат фаромӯш мешавад.
Бояд гуфт, ки дар Тоҷикистон шиносномаи хориҷӣ бо маблағи беш аз 1000 сомонӣ дода мешавад.
Зимнан, шиносномаи хориҷӣ зимни даъват ба артиш ҳам нақш мебозидааст. Бархе шикоят кардаанд, ки дар ҳукуматҳои шаҳру навоҳӣ шиносномаи хориҷии даъватшавандагонро мусодира карда, танҳо баъди адои хидмат медодаанд.
Надодани кумакпулии корношоямӣ ё маъюбӣ
Дар асоси қонун "Дар бораи вазъи ҳуқуқии хизматчиёни ҳарбӣ" давлат бояд ба хонаводаҳои сарбозону афсароне, ки дар ҷараёни хидмат ва амалиёт ё тамрин маҷрӯҳ мешаванд ё ба ҳалокат мерасанд, ёрии пуливу молӣ расонад.
Тақдири Шаҳбол Мирзоев, сарбози собиқ ки дар натиҷаи меҳтарсолорӣ (дедовшина) дар артиш маҷруҳ шуда, бади чандин соли маъюбӣ даргузашт, собит кард, ки дастрас кардани ёрӣ осон нест.
Шаҳбол Мирзоев моҳи октябри соли 2013 довталабона ба хидмат рафт. Вале шоми 6-уми марти соли 2014 баъди бадрафтории як ҳамхидматаш бемори бистарӣ шуд ва роҳ рафта наметавонист. Табибон гуфтанд, ки муҳра ва ҳароммағзи Шаҳбол дар натиҷаи зарбаи сахт осеб дидааст. Ӯ рӯзи 1-уми феврали соли 2021 аз олам даргузашт.
Додгоҳи низомии гарнизони Душанбе аз моҳи майи соли 2015 қарор бароварда буд, ки нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Шаҳбол Мирзоев 97 ҳазору 265 сомонӣ ҷуброни молӣ ва 20 ҳазор сомонӣ ҷуброни маънавӣ пардохт кунад. Баъдан ин ҳукм бекор карда шуд. Дертар додгоҳи ҳарбии гарнизони Душанбе Сарраёсати Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистонро ба пардохти 36 ҳазор сомонӣ ба сифати зиёни моддӣ ва 4 ҳазор сомонӣ барои зарари маънавӣ муваззаф кард. Нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар соли 2018 40 ҳазор сомонӣ ба оилаи Шаҳбол Мирзоев пардохт кард.
Ҳамчунин, Шаҳбол Мирзоев, чун маъбии гурӯҳи I дар ҳаҷми 130 сомонӣ нафақа мегирифт.
Ваъдаи маҳви меҳтарсолорӣ
Яке аз ваъдаҳои муҳиме, ки мақомот ҳамеша онро таъкид мекунанд ва он дар қонунгузорӣ низ дарҷ шудааст, набудани меҳтарсолорӣ дар артиш ва сиҳату саломат адо кардани хидмати ҳарбӣ, инчунин шароити беҳтари хидмат дар қисмҳои ҳарбӣ аст.
Вале тавре дида мешавад, даҳҳо сарбоз дар як сол мавриди латукӯби ҳамхидматони худ қарор мегиранд, аз шароити хидмат нигаронӣ мекунанд ва дар баъзе ҳолатҳо ба таври мармуз мефавтанд.
Тибқи иттилои Додгоҳи олии Тоҷикистон дар соли 2023 додгоҳҳои ҳарбии Тоҷикистон 26 парвандаи озори сарбозонро аз ҷониби ҳамхидматон ё афсарони қисмҳои ҳарбӣ баррасӣ кардаанд.
Ҳамчунин, дар як соли охир ҳудуди 10 афсару сарбоз барои латукӯб ва таҳқири наваскарон, ки баъдан аксу навори он ба шабакаҳои иҷтимоӣ роҳ ёфта, хашми корбаронро барангехт, аз ҷониби додгоҳҳои ҳарбии кишвар аз 5 то 11,5 сол равонаи зиндон шуданд. Парвандаи аксари онҳо бо моддаи 373-и Кодекси ҷиноятӣ (Вайрон кардани қоидаҳои оинномавии муносибатҳои байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбӣ дар ҳолати набудани тобеияти хизматӣ дар байни онҳо) баррасӣ шуд.
Дар маърӯзаи Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон (Омбудсмен) дар соли 2022 гуфта мешавад, ки Сарпрокуратураи ҳарбии Тоҷикистон дар соли гузашта 71 ҷинояти вайрон кардани қоидаҳои оинномавии ҳарбиро ба қайд гирифтааст.
Дар хулосаи Гуруҳи мониторингӣ, ки аз намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон ва ТҶ “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” иборат буд, омадааст, ки дар соли 2023 “на ҳама меъёрҳои оинномаҳои дохилихидматӣ дар қисмҳои ҳарбӣ риоя мешавад ва ихтилоф байни шартҳо ва стандартҳои қабулшуда мавҷуд аст”.
Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Ваъдаҳои мақомот заминаи қонунӣ надорад
Дар ҳамин ҳол, ҳуқуқшиносон мегӯяд, ки аксари ин ваъдаҳое, ки мақомоти давлатӣ ё маҳаллӣ барои ҷалби ҷавонон ба хидмати ҳарбӣ медиҳанд, заминаи ҳуқуқӣ ва қонунгузорӣ надорад ва аз ин рӯ, дар сурати иҷро нашудани ин ваъдаҳо сарбозон наметавонанд, ки ба додгоҳ муроҷиат кунанд.
Дилрабо Самадова дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, қонунгузории Тоҷикистон барои хидмат дар артиш ягон чораҳои ҳавасмангардониро пешбинӣ накардааст.
“Барои ҳамин сарбозон дар сурати иҷро нашудани чунин ваъдаҳо аз болои он шикоят бурда наметавонанд. Чунки ин умуман заминаи қонунӣ надорад ва масъулини ҷамоату ноҳияҳо аз ҳадди ваколатҳои худ баромада, чунин ваъдаҳо медиҳанд. Масалан, қонунгузорӣ барои тақсими замини наздиҳавлигӣ, додани шаҳодатномаи ронандагӣ бар ивази хидмат дар артишро пешбинӣ накардааст”, - гуфт ӯ.
Роҳбари ташкилоти “Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ” афзуд, ҳамасола ба созмони онҳо то 2-3 нафар муроҷиат мекунанд, ки баъди адои хидмати ҳарбӣ мақомот ба ваъдаашон вафо накарданд.
Ӯ гуфт, дар сурати ворид кардани ин сабукиҳо ё имтиёзҳо ба қонунгузорӣ ва риояи бечунучарои он эҳтимол ҷавонон ҳавасманд шаванд ва барои адои хидмат муроҷиат кунанд.
"Роғун", мораторий ба санҷиш, "лимит"-и барқ, ниёз ба кадр ва рақамикунонӣ. Матни пурраи паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси олӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 декабри соли 2024
10 филми беҳтарини Осиё Марказӣ дар соли 2024. Онҳо кадомҳоянд?
Поёни “лимит”, афзоиши маошу нафақа ва интихоботи шаффоф. Муҳимтарин нукоти паёми Эмомалӣ Раҳмон
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 декабри соли 2024
Кадом дастуру супоришҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки дар паёми гузашта дода буд, иҷро шуд?
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста