Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов бар асоси моддаи 391, қисми 1-и Кодекси ҷиноятиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне “сӯиистеъмоли ҳокимият ё мақоми хизматӣ, аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ ё хизматӣ баромадан, инчунин бефаъолиии ҳокимият аз ҷониби сардор ё дигар шахси мансабдор, ки ба Қувваҳои Мусаллаҳ, ҳуқуқ ё манфиатҳои қонунан ҳифзшаванда хизматчиёни ҳарбӣ ё дигар шаҳрвандон зарари ҷиддӣ расонида бошад, гунаҳкор донист ва барои 5 сол равонаи зиндон кард.
Дар ин бора аз Додгоҳи ҳарбии шаҳри Хуҷанд иттилоъ доданд.
Дар ҳукми додгоҳ зикр мегардад, ки Муҳриддин Исмоилов бо мақсади нишон додани бартарию таванмандии худ шаъну шарафи наваскаронро паст зада, сари онҳоро тарошидааст.
“Ӯ қоидаҳои муносибати байниҳамдигарии хизматчиёни ҳарбиро дағалона вайрон карда, ба намуди зоҳирии сарбозон таҳқирона муносибат намуда, мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои КОНИБОДОМ тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”, - гуфта мешавад дар ҳукми додгоҳ.
Таъкид мегардад, ки номбурда бо мақсади ба дигарон паҳн ва шуҳратманд гардидан, ҳолати паст задани шаъну шараф ва эҳтироми сарбозонро бо воситаи сержанти дигар ба телефони мобилӣ аксбардорӣ намудааст ва аксро баъди аъдои хизмати ҳарбӣ 15-уми июни соли 2023 дар шабакаҳои интернетӣ паҳн намудааст.
Бояд зикр кард, Муҳриддин Исмоилов тобистони соли ҷорӣ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашру паҳн шудани аксе, ки дар он дар сари нуҳ аскар якҳарфӣ бо тарошидани мӯйи сар номи "Конибодом" навишта шуба буд, дастгир гардид.
Дар пайи боздошт, Додситонии кулли Тоҷикитсон 20-уми июн, бо нашри як вокуниш ҳақиқӣ будани ин аксро тасдиқ карда, навишт, ки рӯзи 14-уми январи соли 2022 сартароши ротаи гурӯҳи мобилии Комендатураи як қисми ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара сержанти хурд Муҳриддин Исмоилов дар сари нуҳ сарбози навдаъватшуда “ҳамчун бузургсолор ва сокини шаҳри Конибодом муаррифӣ намуда... мӯйи сарашонро маҷбуран дар намуди ҳарфҳои “К”,”О”,”Н”,”И”,”Б”,”О”,”Д”,”О”,”М” тарошида, шаъну шарафашонро дар назди дигар сарбозон паст задааст”.
Бояд гуфт, ки давоми як соли охир ин мавриди дуввуми пурсару садои ба ҷавобгарӣ кашидани базургсарбозон барои таҳқиру тавҳини наваскарон дар қисмҳои ҳарбии Тоҷикистон аст.
Қаблан, Коллегияи ҳарбии Додгоҳи олии Тоҷикистон як афсар ва 7 сарбозро барои латукӯби наваскарон ва нашри навори он дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз 9,5 то 11,5 сол аз озодӣ маҳрум карда буд.
Ин афсару сарбозон низ баъди дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн гардидани навори латукӯби наваскарон ва вокуниши сокинон боздошту ба ҷавобгарӣ кашида шуданд.
Бадрафторӣ ё меҳтарсолорӣ дар артиши Тоҷикистон дарди кӯҳна аст. Ҳар чанд вақт хабарҳо дар бораи захмӣ шудан ё фавти сарбозон дар натиҷаи меҳтарсолорӣ ба расонаҳо роҳ меёбад. Ҳукумати Тоҷикистон моҳи октябри имсол ба Созмони Милалли Муттаҳид (СММ) гуфтааст, аз соли 2019 то 2021 ва сабаби “риоят нашудани оинномаи низомӣ” бештар аз 100 сарбоз ба ҳалокат расидаанд.
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 8 декабри соли 2024
Биогумус: истеҳсоли нурии органикӣ дар Тоҷикистон
UNICEF: Танҳо 32% духтарон дар Тоҷикистон синфҳои 9-11 мехондаанд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих ва вазъи обуҳаво барои 7 декабри соли 2024
Бензин дар Тоҷикистон гаронтарин дар Осиёи Марказӣ аст
Курси онлайни ройгон оид ба “Саводнокии молиявӣ” барои муҳоҷирони меҳнатӣ дар платформаи Smarthub.tj дастрас шуд
Барои гузоштани риши бенизом, мунозираҳои сиёсӣ... Чаро даҳҳо афғонистониро аз Тоҷикистон ихроҷ карданд?
Дар Твер кор барои муҳоҷирон дар 46 соҳа манъ шуд. Боз дар кадом минтақаи Русия чунин маҳдудият ҷорӣ шуд?
"Аз ҳама бештар аз кори додрасҳо шикоят мегирем". Интиқоди тунди Эмомалӣ Раҳмон аз кори додрасҳои тоҷик
Рӯзҳои истироҳатӣ дар Душанбе барфи аввал меборад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста