Пагоҳ, 28-уми декабр, Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон паёми навбатии худро ба Маҷлиси олии кишвар ироа мекунад. Зимни он самтҳои асосии сиёсати дохиливу хориҷиро муайян карда, фаъолияти ҳукуматро дар соли ҷорӣ натиҷагирӣ ва ҳадафҳоро барои соли минбаъда мушаххас менамояд.
Соли гузашта раиси ҷумҳур фаъолияти ниҳодҳои гуногунро муфассал таҳлил карда, дастуру супоришҳои иловагӣ дода буд. “Азия-Плюс” тасмим гирифт, иҷрои баъзе дастуру супоришҳои президентро, ки дар паёми соли 2023 дода буд, пайгирӣ кунад.
Бояд гуфт, аксари интиқоду эрод ва пешниҳодҳои раиси ҷумҳур берун аз матни баромади расмӣ садо додааст.
“Азия-Плюс” соли гузашта низ чунин таҳлилеро анҷом дода буд ва онро метавонед дар ин пайванд хонед.
Афзоиши маошу нафақа
Яке аз супоришҳое, ки дар паёми соли гузашта садо доду аҳолии кишвар ҳам интизорӣ он буд, зиёд кардани маош ва нафақаву идрорпулӣ аст.
Эмомалӣ Раҳмон гуфт, маошу нафақа ва стипендияҳо дар соли 2024 аз 30 то 40% боло бардошта шавад. Аз ҷумла, маоши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони мақомоти қудратӣ 40%, маоши кормандони соҳаи буҷавӣ ва стипендияҳо низ 40% ва нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва давлатӣ 30% зиёд карда шавад.
Президент, ҳамчунин гуфт, аз 1 июли соли 2024 маоши ҳадди ақал дар соли 2024 ба 800 сомонӣ бардошта мешавад. Воқеан, бояд эътироф кард, ки ин супоришҳо ҳама иҷро шуданд.
Вале дар баробари ин, шаҳрвандон аз он шикоят доранд, ки соли равон нархи маҳсулоти истеъмолӣ низ боло рафта, онҳоро водор кардааст, харҷи худро кам кунанд.
Оҷонсии омори кишвар гуфт, дар 11 моҳи соли 2024 сатҳи таваррум, муҳимтарин омили таъсиррасон ба нархгузорӣ, дар кишвар танҳо 3,4%-ро ташкил дод. Аз ҷумла, дар ин давра маҳсулоти хӯрокворӣ ба андозаи 2,7%, маҳсулоти ғайриозуқа - 3,9% ва хидматрасониҳои пулакӣ ба аҳолӣ - 4,7% қимат шуданд.
Вазъи муҳоҷирони меҳнатӣ
Яке аз нуктаҳои дигари паёми соли гузашта ин нигаронӣ аз вазъи муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар хориҷи кишвар, махсусан муҳоҷирати занони тоҷик буд ва президент берун аз баромади расмӣ гуфт, “ҳамасола садҳо ҷасади муҳоҷиронро меорем”.
Ӯ гуфт, онҳо нафароне ҳастанд, ки барои ёфтани ризқу рӯзии фарзандонашон мераванд, чунки роҳбарон аз боло то поён “фақат фикри нафси бади худро доранд”.
Раисиҷумҳур аз омори мушаххаси муҳоҷирони корӣ ном набурд ва танҳо гуфт, “онҳо ҳазорҳо ҳазор нафаранд”.
Вай ҳамчунин, бе ишора ба ягон қазияи мушаххаси муҳоҷирон гуфт, ки “шароити муҳоҷиронро хуб медонам”.
Эҳсос мешуд, ки аз ӯ хостори ҳифзи ҳуқуқи муҳоҷирон аст. Баъдан, дар мулоқотҳои дигар аз кори намояндагони муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия нигаронӣ ҳам карда буд.
Соли 2024 воқеан, барои муҳоҷиронии кории тоҷик дар Русия соли вазнин буд. Баъди ҳодисаи “Крокус”, ки дар он 4 шаҳрванди Тоҷикистон ҳамчун гумонбари асосӣ боздошту ба ҳабс гирифта шуданд, фишору азият болои муҳоҷирони кории тоҷик якбора авҷ гирифт. Онҳоро дар фурудгоҳҳои Русия соатҳову рӯзҳо нигоҳ медоштанд, баъди тафтиши мушикофона чанд нафари онҳоро ба дохили Русия роҳ дода, теъдодеро дубора ба Тоҷикистон ихроҷ мекарданд.
Вазъ дар дохили Русия ҳам нигаронкунанда аст. Ҳамрӯза мақомоти қудратӣ ба ҷои кору хоби муҳоҷирони кории тоҷик ворид шуда, онҳоро бидуни шарҳ боздошту ихроҷ мекарданд.
Қонунгузории муҳоҷират ҳам рӯз аз рӯз сахттар гардида, будубоши муҳоҷирон, махсусан тоҷиконро дар ин кишвар вазнин мекунад.
Ҳарчанд Қоҳир Расулзода, сарвазир ва Сироҷиддин Муҳриддин, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба чунин амалҳои мақомоти Русия вокуниш карданд, вале зоҳиран вазъ тағйир наёфт.
Ниҳоди нав барои ҳифзи мероси фарҳангӣ ва таърихӣ
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузашта бо ишора ба ворид шудани ҷашни Сада, ҳунари бофтани атласу адрас ва зарҳалкорӣ ба феҳристи мероси ғайримоддии ЮНЕСКО супориш дода буд, ки дар оянда дар кишвар сохтори нав бо номи Агентии ҳифзи меросҳои фарҳангӣ ва таърихии назди ҳукумати Тоҷикистон таъсис дода шавад.
Ӯ гуфт, чунин ниҳод бо мақсади густариш бахшидани тармиму барқарорсозӣ ва ҳифзи ёдгориҳои таърихиву фарҳангӣ, инчунин, рушди сайёҳӣ дар ин самт таъсис дода мешавад.
Моҳи августи соли равон низомномаи Агентии ҳифзи меросҳои фарҳангӣ ва таърихии назди ҳукумати Тоҷикистон бо қарори махсуси ҳукумат тасдиқ ва чунин ниҳод таъсис ёфт.
Аммо бо вуҷуди таъсиси ниҳоди хос, бархе маконҳои таърихиву фарҳангӣ то ҳол комилан ҳифз нашуда, то ҳол болояшон напӯшидаву дар зери барфу борон қарор доранд.
Нигаронӣ аз вазъи илму маориф
Дар паёми соли 2023 президент бо ишора ба вазъи илми тоҷик гуфта буд, ки он бояд рушд кунад. Ӯ гуфт, ҳар маблағе, ки бошад ба соҳаи илм равона мекунем, дареғ намедорем, вале олимони ҷавонро тарбия кунед, ихтироъкор бошанд.
“Ҳамаи озмунҳоеро, ки ман ташкил кардам, ҳадафаш ҳамин аст. Гулчин кунед, гиред, тарбия кунед. Фақат як коғаз надиҳем. Ақл диҳем, дониш диҳем, касбу ҳунар диҳем”, - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Ӯ гуфт, ҳоло 73 ҳазор хонанда ҷои нишаст надорад ва ин ҳар сол зиёд шуда истодааст. Яъне, мо дар як сол тақрибан беш аз 400 мактаби нав бунёд карданамон даркор аст.
Маълум нест, ки соли равон дар кишвар 400 мактаб бунёд шудааст ё не.
Вале масъалаи вазъи илму маорфи, махсусан норасоии мактабҳо дар минтақаҳои дурдаст, ҷои нишаст дар бархе синфхонаҳо ва дар маҷмуъ, вазъи таълиму тарбият дар макотиб соли равон низ баҳснок боқӣ монд.
Бар хилофи интизории ҷомеа, соли равон ҳатто толибилмон ва ё волидайни онҳо чанд омӯзгори худро латукӯб карданд, ки нигаронии зиёдро ба миён овард.
Панҷ моҳ пас аз ироаи паём, Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба бахши илм рӯ овард. Ӯ моҳи майи соли равон зимни мулоқот бо аҳли илм ва маорифи кишвар аз фаъолияти Комиссияи олии аттестатсионӣ эрод гирифта гуфт, ки ҳарчанд асардуздии олимони тоҷик аз сӯи пойгоҳи “Дисернет” фош шудааст, аммо аз ҷонибии КОА барои ислоҳи вазъ ва пешгирии чунин амалҳои номатлуб чораҳои зарурӣ андешида намешаванд.
Ӯ гуфт, то имрӯз аз сӯи ин пойгоҳ асардуздии 150 олими тоҷик (номзадҳо ва докторҳои илм) фош ва дипломи 7 нафари онҳо беэътибор шудааст.
Ӯ ҳамчунин аз роҳбарони муассисаҳо ва роҳбарони илмӣ қатъӣ талаб кард, ки “ба фориғболиву бемасъулиятӣ, хусумати шахсӣ, рӯйихотирбинӣ, нотавонбинӣ нисбат ба якдигар ва рақобати носолим миёни муассисаҳои илмии кишвар ҳарчи зудтар хотима бахшанд”.
Ҳоло маълум нест, ки ниҳодҳои вобаста ба илми кишвар барои беҳбуди вазъият ва ислоҳи камбудиҳо ягон чора андешидааст ё не. Ҳамчунин, номаълум аст, ки КОА барои ислоҳи вазъ ва пешгирии асардуздии олимшавандаҳо чӣ чораҳо андешидааст.
Гирифтани шаҳрвандии дигар давлатҳо
Нуктаи дигаре, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ таваҷҷуҳ кард, ин пазируфтани шаҳрвандии давлати дигар аз ҷониби тоҷикон буд.
“Садҳо нафар шаҳрвандони мо шаҳрвандии хориҷиро қабул карда истодаанд. Мо бояд чуқур андеша кунем. Ояндаро ҳам бояд фикр кунем. Ҳам чиҳати манфӣ ва мусбат дорад. Ин махфӣ нест”, - гуфт президент.
Интиқоди президент аз гирифтани шаҳрвандии хориҷии зодагони Тоҷикистон дар ҳолест, ки ҳамасола ҳазорҳо табааи Тоҷикистон шаҳрвандии Русияро мегиранд. Танҳо дар 7 соли (2016-2022) дар маҷмуъ беш аз 473 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русияро гирифтаанд.
Таҳлили омор собит мекунад, ки дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ шаҳрвандони Тоҷикистон аз ҳама бештар шаҳрвандии Русияро мегиранд. Яъне агар дар 7 сол беш аз 1 млну 56 ҳазор нафар аз ин кишварҳо шаҳрвандӣ гирифта бошанд, 45 дарсади он тоҷикон мебошанд.
Ҳамин тариқ, солҳои пешин низ садҳо ҳазор тоҷик шаҳрвандии Русияро мегирифтанд. Маълумоти расмии пешин дастрас нест. Вале дар асоси маълумоте, ки мо дастрас кардем, дида мешавад, ки аз соли 1992 то 1999 қариб 125 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон табааи Русияро гирифта, аз соли 2000-ум то соли 2013 176 ҳазор тоҷикистонӣ шаҳрванди Русия шудаанд.
Ҳоло ВКД Русия ҳам дигар омори онҳое, ки шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, нашр намекунад. Ин ниҳод бори охир ду сол пеш нашр карда буд, ки теъдоди рекордии тоҷикистониён - 173 ҳазору 634 нафар шаҳрванди Русия шудаанд. Ин нишондиҳандаи дуюм баъди шаҳрвандони Украина буд.
Барои коҳиши пазируфтани табааи кишвари дигар аз сӯйи шаҳрвандони Тоҷикистон мақомоти тоҷик чӣ чора андешиданд ва ба чӣ натиҷа ноил гардиданд, номаълум аст. Вале ҳамоно дида мешавад, ки шаҳрвандони Тоҷикистон ба шиносномаи Русия таваҷҷуҳ доранд. Ҳарчанд оғози ҷанги Русия дар Украина ва афзоиши хатари сафарбарӣ ба ҷабҳа теъдоде аз шаҳрвандони кишварро аз шиносномаи Русия дилсард кард, ҳамоно қисме талоши гирифтани онро доранд.
Дар НБО "Роғун" коргар намерасад
Норасоии коргар дар НБО "Роғун" нуктаи дигаре буд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар паёми пешини худ ба он таваҷҷуҳ кард.
"Мегӯед, ҷойи кор нест. Марҳамат. Ҳозир 15 ҳазор нафар кор мекунад. Бояд бист ҳазор кор кунад," – афзуд ӯ.
Баъди ин, барои ҷалби коргар миёни сокинони маҳаллӣ ярмарка барои кор дар “Роғун” баргузор карданд ва пудратчиёни ин тарҳ ҷойҳои кориро барои сокинон муаррифӣ карданд. Аз ин якрмаркаҳо чанд нафар барои кор ба Роғун ҷалб шуд, маълум нест.
Ҳамчунин, гуфта мешуд, ки ҳақи меҳнат дар НБО “Роғун” хеле хуб аст. Вале коршиносон набудани мутахассисони касбие, ки тавонанд бо технология кор кунанд ва кори вазнину хатарнокро яке аз сабабҳои нарафтан ба кор дар ин тарҳ медонанд.
Айни ҳол номаълум аст, ки норасоии коргар дар НБО “Роғун” ҳал шуд ё не, чун ҳеҷ иттилое дар ин замина ироа нагардид.
Нигаронии президент аз дур мондани духтарон аз таҳсил
Яке аз нуктаҳои дигари паёми президент ин нигаронӣ аз дур мондани духтарон аз таҳсил ва аз синфи 9-ум аз мактаб баровардани онҳо мебошад.
Ӯ ин шеваҳоро танқид кард ва гуфт, "падарону модарони азиз, агар духтарон олим нашаванд ҳам, дар оянда бо дониши худ ризқашонро меёбанд, ба ризқи онҳо зомин нашавед".
Маҳз баъди ин танқид дар моҳи феврали соли равон ба қонун “Дар бораи маориф” тағийру иловаҳо ворид гардид ва таҳсили хонандагон дар синфҳои 10 ва 11 (таҳсилоти миёнаи умумӣ)-ро ҳатмӣ кард. Дар асоси тағйирот дар сурати қатъи таҳсил дар синфи 9 бояд омӯзишро дар колеҷу техникумҳо идома диҳанд.
Қаблан танҳо таҳсили ибтидоӣ (синфи 1 то 4) ва умумӣ (сифни 5 то 9) барои хонандагони тоҷик ҳатмӣ буд ва онҳо метавонистанд баъди хатми синфи 9 қатъи таҳсил кунанд.
Вале бо вуҷуди ин, масъалаи тарки мактаб кардани хонандагон, махсусан духтарон баъди хатми синфи 9 ҳамвора доғ аст. Коршиносон нигаронӣ мекунанд, ки маҳз дар ин раванд аксар духтарон аз мактаб берун мемонанд.
Тибқи омори ЮНИСЕФ қариб 32% духтарон таҳсилро дар синфҳои 9-11 идома намедиҳанд ва танҳо 13% духтароне, ки ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, онро хатм мекунанд.
Омилҳои асосии қатъ кардани таҳсилро анъанаҳои суннатӣ, ки духтаронро зери фишор мегузоранд, то зудтар шавҳар кунанд, интизороти оилаҳо барои афзалият додани ҳаёти оилавӣ нисбат ба таҳсил ва мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, ки имкони идомаи таҳсилро маҳдуд мекунанд гуфта мешавад.
Худи Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ зимни суханронии ба муносибати ҷашни Рӯзи дониш гуфта буд, ки соли 2023 дар Тоҷикистон 44 ҳазор хонанда баъди синфи 9 таҳсилро қатъ кардааст.
Тоҷикистон гулистон мешавад?
Ҳамчунин, раиси ҷумҳур бо дарназардошти тағйирёбии иқлим ва бо мақсади беҳтар кардани вазъи экологии кишвар, муҳайё намудани шароити ҳарчи беҳтар ва мусоиди зист барои аҳолӣ ба ҳукумат, Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва тамоми сохтору мақомоти давлатӣ супориш дод, ки барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунии кишварро барои давраи то соли 2040 қабул ва амалӣ намоянд.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид дошт, ки барои шинонидани дарахт интихоби ҷой ва навъи дуруст муҳим аст, то ки он парвариш ёбад. Ва ба он таваҷҷуҳ зоҳир намуд, ки шинонидани дарахтон бояд зери раҳбарии мутахассисон сурат гирад.
Ҳамин тариқ, моҳи июни соли равон дар кишвар «Барномаи давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ то соли 2040»-ум қабул гардид. Ин барнома дар марҳилаи аввали то соли 2027 шинонидани 10 миллион бех ниҳолу буттаро пешбинӣ мекунад.
Ҳадафи барнома “беҳдошти вазъи экологии ҷумҳурӣ ва пешгирӣ аз таъсири номатлуби тағйирёбии иқлим” гуфта шудааст.
Парвариши дарахту буттаҳо дар маҳаллаю ҷамоатҳо, идораҳои маъмурӣ, қисмҳои ҳарбӣ, корхонаҳои саноатӣ, оромгоҳҳо, партовгоҳҳо, талу теппаҳо, ҷангалу шафати шоҳроҳҳо, соҳили дарёҳо ва ҷойҳои дигарро пешбинӣ мекунад.
Барои иҷрои ин барнома пул аз буҷаи давлатӣ ва ҳам аз ҳисоби сармоягузорон ҷалб хоҳад шуд, аммо гуфта нашудааст, ки барои иҷрои он барнома чӣ қадар пул масраф мешавад.
Ҳамчунин, ба ғайр аз барномаи давлатӣ то соли 2040 дар кишвар барномаи дигар бо номи “Кишвари сабз” то соли 2025 қабул гардид. Дар он натанҳо то охири соли оянда дар майдони беш аз 4 ҳазор гектар шинонидани 65 млн дарахту бутта ба нақша гирифта шудааст, ҳамчунин, он ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, коҳиши партобҳои гази карбон, беҳбуди вазъи муҳити зист, рушди деҳот, ҷалби сайёҳон ва ба сурати умум, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволии тамоми аҳолии Тоҷикистон нигаронида шудааст.
100 ҳазор ҷои корӣ таъсиси ёфт?
Эмомалӣ Раҳмон дар паёми соли гузашта бори дигар супориш дод, ки “ҷиҳати қонеъ гардонидани талаботи аҳолӣ ба шуғл” ҳар сол зиёда аз 100 ҳазор ҷойҳои кори нав таъсис дода шаванд.
Дар ҳамин ҳол, моҳи августи соли равон Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон хабар дод, ки дар нимсолаи аввали соли равон дар кишвар 84 ҳазор ҷои корӣ таъсис дода шудааст.
Ҳамчунин, ин ниҳод гуфт, таносуби таъсис ва аз байн рафтани ҷойҳои нави корӣ дар ин давра 78,1 ҳазорро ташкил дод, ки дар муқоиса бо нишондиҳандаи ҳамин давраи соли гузашта 9,1 ҳазор зиёдтар аст.
Ин дар ҳолест, ки мушкилӣ дарёфти ҷои кор дар Тоҷикистон ҳамоно ҳалношуда боқӣ мондааст. Ҳазорҳо нафар то ҳол дар Русия ба ҳайси муҳоҷир дар шароити мушкил кор мекунанд.
Ҳамчунин, коршиносон мегӯянд, ки ҷои коре, ки дар Тоҷикистон таъсис мешавад, аксаран маошаш ба вазъи иқтисодии кишвар ҷавобгӯй нест, аз ин рӯ, кам касоне мехоҳанд, ки дар он кор кунанд.
Рақамикунонӣ ҳам кунд рушд мекунад
Эмомалӣ Раҳмон ба масъули бахши молияи кишвар дастур дод, ки рақамисозии молӣ ва андозро густариш диҳанд. Ҳамчунин, тайи ду соли оянда низоми пардохтҳои ғайринақдиро дар ҳама ҳавзаҳо, аз ҷумла дар нуқтаҳои хурдафурӯш ва хидматрасонӣ ба таври комил ҷорӣ намоянд. Ба ин монанд дастур дар паёми соли 2022 низ дода шуда буд.
Дар ин замина, бахши молиявии кишвар иқдомоте рӯйи даст гирифт, аз қабили роҳандозии қабули пардохтҳои давлатӣ тавассути ғайринақдӣ, рамзи ягона барои пардохт маҳсулоту хидматрасониҳо. Аммо то ҳол дар мақомоти давлатӣ ҳолатҳои пардохти нақдӣ мушоҳида мешавад. Дар манотиқи кишвар бошад, рамзи ягона на ҳамеша мушкилосонкун аст, чун суръати сусти интернет менеъи он шудааст.
Дар умум, дастуру супоришҳое, ки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни ироа паёми хеш дода буд, то ҷойе иҷро шудаанд, аммо шеваи иҷрои он боиси баҳс аст. Як қисми дастурҳо бошад, номаълум аст, ки иҷро шудааст ё не, чун мақомоти дахлдор оид ба иҷрои он иттилое надодаанд. Пагоҳ Эмомалӣ Раҳмон паёми навбатии худро ироа мекунад ва хоҳем фаҳмид, ки кадом масоил бештар мавриди назари ӯ қарор доранд.
НАВШУДА: Маҳдудияти барқ баъди соли 2027 моли таърих мешавад. Паёми Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 декабри соли 2024
Оғози рамзгузории электронӣ ба доруҳо ва молҳои тиббӣ дар Тоҷикистон. Ин чӣ маъно дорад?
Беш аз 471 ҳазор ронанда санади “утилизатсия”-и мошин гирифтаанд
Тоҷикистону Эрон Рӯзи бузургдошти Рӯдакиро якҷоя таҷлил мекунанд
Футболбози беҳтарини соли 2024 дар Тоҷикистон муайян шуд
Тоҷикистон дар соли 2024 чӣ фурӯхту чӣ харид?
Ширҷӯш, устои мошин... Қатар кадом муҳоҷирони кории тоҷикро интизор аст?
Размикор аз Тоҷикистон ба унвони беҳтарин дар Open FC дар соли 2024 довталабӣ мекунад
Дарёфти патент ва шаҳодатнома тариқи онлайн. Барномаи “Андози ман”-и Кумитаи андоз чӣ гуна кор мекунад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста