Аз 170 ҳазор нафар хонандагоне, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 000 нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 12 000 нафар ба литсейҳои касбиву техникӣ ва коллеҷҳо дохил шудаанд. 44 000 нафари боқимонда таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд.

Ин рақамҳо рӯзи 1 сентябри соли ҷорӣ зимни суханронии президенти ҷумҳурӣ Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Рӯзи дониш садо доданд.

“Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин мушкилӣ, яъне хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад.

Дар ин робита дастур дода шуд, ки ба санадҳои қонунгузорӣ тағйиру иловаҳо ворид карда, минбаъд ҷараёни идомаи таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ зери назорати қатъӣ қарор дода шавад.

Дар асоси муқаррароти қонунгузорӣ акнун ҳамаи хатмкунандагони зинаи таҳсилоти миёнаи асосӣ баъди хатми синфи 9 вазифадоранд, ки дар ҳолати ихтиёран идома надодани таҳсил дар зинаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, бояд ҳатман таҳсилоти худро дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ё миёнаи касбӣ, яъне литсейҳои касбии техникӣ ва коллеҷҳо идома диҳанд ва соҳибкасб шаванд.

“Яъне баъди хатми синфи 9 ҳатман бояд хонанд!”, -таъкид дошт  Эмомалӣ Раҳмон ва аз падару модарон даъват намуд, ки “фарзандонро аз илму таҳсил дур накунанд”.
Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар ҷашни Рӯзи дониш
Сурат аз хадамоти матбуоти сарвари давлат

Дар маводи худ АМИТ “Ховар” ҳамчунин гуфтаҳои президентро зимни боздид аз корхонаҳои дӯзандагӣ овардааст, ки аксари коргарони онҳо занони миёнсолу калонсол мебошанд.

“Вақте мепурсам, ки барои чӣ дар вақташ нахондед, ки соҳиби илму дониш шавед, ҷавоб медиҳанд, ки шароиту имконият надоштем. Яъне имрӯз онҳо, ҳарчанд ки соҳиби маълумот ва касби мушаххас нестанд, барои пеш бурдани рӯзгору зиндагии худ кор карда истодаанд.Ҳоло, ки ҳамаи шароиту имкониятҳо муҳайё шудаанд, падару модарон бояд фарзандони худро хононанд», - таъкид дошта буд сарвари давлат.

Вазорати маориф чӣ мегӯяд?

“Азия-Плюс” ба Вазорати маориф муроҷиат кард, то ки бифаҳмад, ки бо кадом сабаб ин қадар зиёд хонандагон аз идомаи таҳсил баъди синфи 9-ум даст кашидаанд.

Котиби матбуоти Вазорат хабар дод, ки то соли хониши 2023-2024 таҳсил баъди синфи 9-ум ихтиёрӣ буд ва аз ин рӯ, ин рақам хеле зиёд аст.

“Имсол пас аз қабули қонун ҳамаи хонандагони синфи 9-ум пурра барои идомаи таҳсил ба синфи 10-ум гузаронида шуданд. Охири ҳафта ҳисоботи дақиқ пешниҳод мешавад. Ба ҷуз касоне, ки дар хориҷа таҳсил мекард ё фавтидаанд, боқимонда ҳама мутобиқи қонун ба идомаи таҳсил ҷалб шуданд”, - шарҳ дод ӯ.

Агар мактаб не, пас техникум

Ёдрас мекунем, ки тағйирот ба қонун “Дар бораи маориф” ҳанӯз моҳи феврали ҳамин сол ворид шуда буданд. Мувофиқи онҳо, таҳсил дар синфҳои 10-11-ум (маълумоти миёнаи умумӣ) ҳатмӣ шуда, агар хонандагон дар мактаб мондан нахоҳанд, бояд таҳсилро дар коллеҷ ва техникумҳо идома диҳанд.

“Коллеҷу техникумҳо ихтисосҳое пешниҳод мекунанд, ки барои рушди иқтисоди миллӣ зарур аст. Дар натиҷа мушкили ноболиғоне, ки пештар баъди хатми синфи 9-ум аз низоми таҳсилу таълим дур мемонданд, ҳаллу фасл карда мешавад.

Аз ҷумла, аз болоравии сатҳи ҷинояткорӣ миёни ноболиғон пешгирӣ мешавад. Соли 2023 дар ҷумҳурӣ 474 ҳолати содир шудани ҷиноят аз ҷониби ноболиғогн ба қайд гирифта шуд.

Аз ин миқдор дар 436 ҳолат (79,1%) ҷиноят аз ҷониби ноболиғон содир шудааст, ки бекор буданд ё таҳсил намекарданд”, - хабар дода буд он замон вазири маориф ва илми Тоҷикистон Раҳим Саидзода.

Акнун хонандагон барои рафтору интизом аз мактаб хориҷ карда намешаванд.

Тағйироти мазкур бештар ба духтароне дахл дорад, ки ба гуфтаи коршиносон, нисбат ба писарон бештар пас аз синфи 9 мактабро тарк мекунанд.

Мудири Бунёди кӯдакони СММ (ЮНИСЕФ) Артур ван Дизен, директори ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон дар мусоҳибае бо радио «Озодӣ» дар моҳи ноябри соли гузашта гуфта буд, ки пас аз синфи 9 танҳо 68% духтарон таҳсилро дар синфҳои 10-11 идома медиҳанд.

«Аз миёни писарон 86% пас аз синфи 9 ба синфҳои боло мегузаранд. Ин фарқияти назаррас аст ва бояд ислоҳ карда шавад», — гуфта буд ӯ.

Баъзе духтарон дар Тоҷикистон таҳсили худро барои он идома намедиҳанд, ки волидонашон онҳоро ба шавҳар медиҳанд. Ҳамаи вазифаҳои хона ва нигоҳубини аъзои оилаи шавҳар аксаран бар дӯши духтарони ҷавон вогузор мешавад, ки барои таҳсил ва рушди худашон қариб вақти холӣ намемонад.

Инчунин, дар бисёр мавридҳо шавҳар ва хешовандони ӯ бо таъкиди он, ки вазифаи аввалиндараҷаи духтар нигоҳубини хона ва фарзанддор шудан аст,  ба ӯ иҷоза намедиҳанд, ки таҳсилашро идома диҳад.

Дар деҳот духтарон маҷбуранд, ки ба волидони худ дар кори саҳро ҳам кумак кунанд, ки ин низ монеаи ҷиддӣ барои таҳсили онҳо мегардад.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.