Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон рӯйхати касбҳое, ки муҳоҷирони тоҷик дар соли оянда метавонанд дар Қатар кор кунанд, эълон кард. Ин ниҳод бо нашри як иттилоия гуфт, Қатар танҳо мутахасисони мошинсоз ё устоҳои мошин ва чорвопарваронро интизор аст.

Ба иттилои ин ниҳод, доштани таҷрибаи 2-3-соли корӣ дар аксари ин самтҳо муҳим аст.

Қаблан хадамот гуфта буд, ки Қатар дар баробари устои мошин ва чорвопарварон, инчунин барои меҳмонхонаҳо ва сохтмон коргар даъват мекунад. Вале дар рӯйхати касбҳое, ки ҳамакнун эълон кардааст, кор дар сохтмон ва меҳмонхонаҳо дида намешавад

Касб ва шартҳое, ки Хадамоти муҳоҷират барои корҷӯён пешниҳод кардааст, ба тартиби зайланд:

1. Мутахасисони соҳаи мошинсозӣ ва таъмири мошинҳо.

- назорати ҳуҷҷатҳои семинарӣ, дорандаи дипломи мошинсозӣ;

- механики дизел;

- кумакрасон дар анборҳои мошинҳои боркаш;

Акси марбут
Акс аз Фотобанк Лори

2. Фермаи чорвопарварӣ.

- оператори калон коркард, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2 соли корӣ дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

- техники низоми механикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2 сол дар истеҳсоли кор дар соҳаи маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

- техники низоми электрикӣ, бо доштани таҷрибаи на кам аз 2 соли корт дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

- кор дар озмоишгоҳ (лабаратор), бо доштани таҷрибаи на кам аз 2 соли кор дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти ширӣ ва нӯшокиҳо;

- назоратгари системаи ETP/RO, дараҷаи бакалавр дар муҳандиси кимиёвӣ;

- ширҷушӣ;

Акси марбут
Акс аз eurabota.com

Қаблан, Хадамоти муҳоҷират эълон кард, ки шаҳрвандони аз 20 то 38 солаи Тоҷикистон метавонанд соли оянда барои кор ба Қатар раванд. Музди маош беш аз 600 доллар аст ва ҳамаи хароҷотро кортаъминкунанда пардохт мекунад.

Манбаъ гуфт, шаҳрвандонро “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"-и Хадамоти муҳоҷират ба Қатар мефиристад ва шартҳои асосӣ донистани забони англисӣ, надоштани доғӣ судӣ ва синну соли 20 то 38-сола аст.

Барои сабти ном бояд ба “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ” ва сохторҳои ин ниҳодҳо дар маркази вилоятҳо муроҷиат кард.

Хоҳишмандон метавонанд, тавассути рақамҳои 225 05 75 ва 225 02 21 дар бораи кор дар Қатар маълумоти бештар пайдо кунанд. Як санҷиши кутоҳи“Азия-Плюс” маълум кард, ки аз ин ду рақам анҳо як рақами он (225 05 75) фаъол аст.

Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.

Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир, Қатар, Қувайт ва Кореяи Ҷанубӣ аст.

Дар TelegramFacebook ва Instagram бо мо бимонед.