Парвози аввалини хатсайри Душанбе–Панҷакент ба рӯзи 16 –уми январ мавқуф гузошта шудааст. Тибқи иттилои пешакӣ, қарор буд парвози нахуст имрӯз, 14-уми январ, соати 9:00 анҷом шавад.
Дар ширкати “Тоҷик Эйр” ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки сабаби асосии таъхири парвоз шароити номусоиди ҳаво дар ин масир будааст. Намояндаи ин ширкат гуфт, ки бо вуҷуди ҳавои мусоид дар шаҳрҳои Душанбе ва Панҷакент, дар масири парвоз ҳаво ҳанӯз номусоид боқӣ мемонад.
“Бо мақсади таъмини бехатарӣ парвоз ба рӯзи дигар мавқуф гузошта шуд”, - илова карданд дар ширкат.
Дар ин ширкат гуфтанд, ки ҳамаи чиптаҳо барои парвози аввалин фурӯхта шудааст.
Ёдовар мешавем, ки ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Панҷакент ва Душанбе–Кӯлоб хабар дод. Ин ширкат иттилоъ дода буд, ки аввалин парвоз аз Душанбе ба Панҷакент рӯзи 14 январ дар назар аст. Арзиши чиптаи ин масир 400 сомонӣ гуфта мешавад.
Вақти парвоз аз Душанбе ба Панҷакент соати 09:00 саҳар ва аз Панҷакент ба Душанбе соати 10:30 саҳар маълум шудааст. Парвоз 40-45 дақиқаро дар бар мегирад. Ба гуфтаи ширкати “Тоҷик Эйр”, парвоз хатсайри Душанбе-Панҷакент ҳафтае се маротиба, рӯзҳои сешанбе, панҷшанбе ва якшанбе анҷом хоҳад шуд.
Парвозҳо ба ин ду масир бо ҳавопаймоии АН-28 анҷом хоҳанд шуд, ки барои интиқоли 17 мусофир ва бор бо вазни умумии то 1750 кг пешбинӣ шудааст.
Қаблан низ ширкати “Тоҷик Эйр” гуфта буд, ки вобаста ба талабот моҳи октябри соли 2024 ба самти Панҷакент, Лахш, Ғарм, Кӯлоб, Ишкошим ва Айнӣ парвозҳоро анҷом медиҳанд. Аммо бо сабабҳои номаълум ин парвозҳо ба моҳи январ гузошта шуданд.
“Ба соҳаи кишоварзӣ сабукиҳои андозӣ татбиқ ва муҳоҷират танзим шавад”. ҲАТ бо чӣ барнома вориди корзори интихоботӣ мешавад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 16 феврали соли 2025
Аз ҳисоби пешниҳоди имтиёзҳои андозӣ буҷети кишвар аз миллионҳо сомонӣ маҳрум шуд
Дар Тоҷикистон смартфони HONOR X8c муаррифӣ шуд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 феврали соли 2025
“Ғоратгарӣ ва куштани соҳибхонаҳо”. Додситони кул ангезаи кушторҳои пайдарпай дар Конибодомро шарҳ дод
Додситонии кул ҳадафи ҳамлаи террористӣ ба мошини раиси ҲХДТ дар Кӯлобро шарҳ дод
Тоҷикистон барои бунёди НБО "Роғун" ба маблағи 812 млн доллар созишнома имзо кардааст
Ошӯб дар зиндони Ваҳдат. Додситони кул гуфт, ки сардори зиндон захмӣ шудааст
Додситони кулли Тоҷикистон гуфт, соли гузашта Русия беш аз 30 ҳазор муҳоҷири тоҷикро “бозпас фиристод"
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста