Шаҳрвандони аз 20 то 38 солаи Тоҷикистон метавонанд соли оянда барои кор ба Қатар раванд. Музди маош беш аз 600 доллар аст ва ҳамаи хароҷотро кортаъминкунанда пардохт мекунад. Дар ин бора аз Хадамоти муҳоҷират ба “Азия-Плюс” хабар доданд.
Манбаъ гуфт, кор дар соҳаҳои чорвопарварӣ, сохтмон, анбори мошинҳо ва хидмарасонӣ дар мехмонхонаҳо аст. Шаҳрвандонро “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа"-и Хадамоти муҳоҷират ба Қатар мефиристад.
Ба иттилои ин ниҳод, шартҳои асосӣ донистани забони англисӣ, надоштани доғӣ судӣ ва синну соли 20 то 38-сола аст.
“Корфармо пули чипта, раводид (виза), ҷойи хоб, хӯрду хӯрок, либоси корӣ, хизматрасонии тиббӣ ва корти нақлиётиро медиҳад. Музди маош вобаста ба самти кор аз 600 доллар бештар мебошад”,-гуфтанд аз ин ниҳод.
Шаҳрвандони кишвар барои дархост гузоштан бояд бо шиносномаи хориҷӣ ба “Марказҳои машваратӣ ва омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ”, ки дар кӯчаи Айнӣ 121 дар шаҳри Душанбе ва марказҳои вилоятҳо ҷойгир аст, муроҷиат кунанд.
Дар ин ниҳод гуфтанд, ки ҳоло мӯҳлати аниқи қабули дархостҳо барои кор дар Қатар маълум нест. Аҳолӣ метавонанд, тавассути рақамҳои 225 05 75 ва 225 02 21 оид ба кор дар Қатар маълумоти бештар пайдо кунанд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан намояндагони Тоҷикистон бо намояндагони Қатар кишвар барои ба кор фиристодани тоҷикистониён ба ин давлат гуфтугӯ карда буданд.
Дар моҳи ноябри соли ҷорӣ Гулнора Ҳасанзода, вазири меҳнати Тоҷикистон бо Алӣ Бин Самих ал-Маррӣ, вазири рушди идорӣ, меҳнат ва умури иҷтимоии Қатар масъалаҳои танзими сафари коргарон, тартиби бақайдгирӣ, ҳуҷҷатгузорӣ, ҳифзи ҳуқуқҳои муҳоҷирони меҳнатӣ, шарту шароит ва будубоши довталабон дар Қатарро муҳокима карданд.
Бояд гуфт, ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабир ва Кореяи Ҷанубӣ аст.
Чанд рӯз пеш созишномаи ниҳоии ирсоли шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея мераванд. Барои донистани он ки чӣ гуна бояд ба Корея рафт ва ба куҷо муроҷиат кард, дар ин матлаби мо “Омӯзиши забони кореягӣ ва касб барои кор дар Корея. Ба куҷо метавон муроҷиат кард?” хонед.
Президент Таджикистана принял верительные грамоты новых послов
Таджикистан увеличил импорт пшеницы с начала 2025 года
Кыргызские силовики задержали подозреваемых в организации международного наркоканала через Таджикистан
Что сделал USAID для Таджикистана и какие из его проектов теперь под угрозой полного закрытия?
Агент Дмитрий Селюк – о крутых африканцах и «полумертвых сербах» в таджикском футболе
DC Next объединяет 1,5 миллиона пользователей в единой финансовой экосистеме
МВД Душанбе: «За невыполнение родительских обязанностей грозит изъятие ребенка из семьи»
Таджикистан и Иран обсудили планы по увеличению товарооборота до $500 млн
Этнический состав Центральной Азии: где самое большое разнообразие?
Авиатопливо в Казахстане оказалось дороже, чем в России
Все новости
Авторизуйтесь, пожалуйста