Дирӯз, 31-уми октябр, Ёддошти тафоҳум оид ба фиристодани шаҳрвандони Тоҷикистон барои кор ба Корея ба имзо расид. Баъди ба тасвиб расонидани ҳукуматҳои ду кишвар он амал мекунад ва интизор меравад, ки гурӯҳи аввали муҳоҷирон шурӯъ аз соли 2025 барои кор ба Корея раванд. Вале барои кор дар Корея ду талаботи асосӣ ҳаст: донистани забони кореягӣ ва соҳибкасб будан. Пас дар куҷо забони кореягӣ ва малакаи касбиро метавон омӯхт?
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мегӯяд, барои омӯзиши забони кореягӣ ва маҳорати касбӣ дар марказҳои худ дар шаҳру навоҳии кишвар шароит фароҳам овардааст ва хоҳишмандон метавонанд ба ин марказҳо муроҷиат кунанд. Хоҳишмандон метавонанд ба ин вазорат ва ё раёсату шуъбаҳои вазорат дар вилоятҳо ва шаҳру навоҳӣ муроҷиат кунанд.
“Вазорат бо назардошти талаботи мазкур омӯзиши забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳои мавриди талаботи бозори меҳнати Кореяро дар заминаи муассисаҳои давлатӣ ва корхонаҳои воҳиди давлатии системаи вазорат ба роҳ мондааст”,-гуфтааст ин ниҳод.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ рӯйхати марказҳоеро, ки дар онҳо метавон забони кореягӣ ва касбу ихтисосҳое, ки барои Корея лозим аст, омӯхт нашр кард:
- “Маркази таълими калонсолони Тоҷикистон” дар шаҳри Душанбе ва филиалҳои он дар ҳама шаҳру навоҳӣ;
- марказҳои машваратии омодагии пеш аз сафари муҳоҷирони меҳнатӣ ва бахшу шуъбаҳои Хадамоти муҳоҷират;
- марказҳи муосири хизматрасонӣ ба муҳоҷирон дар шаҳрҳои Бохтар, Хуҷанд, ноҳияи Восеъ;
- марказҳои рушди малакаҳои касбӣ дар шаҳри Роғун ва ноҳияи Данғара
Омӯзиши забони кореягӣ ва касбҳо барои онҳое, ки расман бекоранду дар қайди шуъбаҳои Оҷонсии шуғли аҳолӣ қарор доранд, ройгон ба роҳ монда мешавад.
Агар шаҳрванд расман бекор ва дар қайди ин оҷонсӣ набошад, метавонад бо пардохти маблағи муйян, ки тақрибан беш аз 100 сомонӣ буда, аз ҷониби Хадамоти зиддиинҳисорӣ муқаррар шудааст, ба омӯзиш фаро гирифта шавад.
Аммо ҳоло дақиқи нест, ки ҷониби Корея ба кадом ихтисосу касбҳо афзалият медиҳад ва талаботи бештар дорад.
Аз Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ гуфтанд, ҳоло ҷониби Корея барои ихтисосу касбҳо муроҷиат накардааст ва дар оянда корфамрои кореягӣ рӯйхати ихтисосу касбҳое, ки онҳо ниёз доранд, пешниҳод мекунанд ва Тоҷикистон аз рӯи он шаҳрвандонро сафарбар мекунад.
Дар ҳамин ҳол, қаблан як шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар Корея расман кор мекард, дар суҳбат бо “Азия-Плюс” нақл карда буд, ки мардони тоҷик дар ин кишвар асосан дар заминҳо, сохтмон ва ё заводҳо, ки дар он ҷойҳо қувваи корӣ намерасад, кор мекунанд ва занҳо ба рӯбучин бештар машғуланд.
Ӯ низ таъкид карда буд, ки барои пайдо кардани кор дар Корея донистани забони кореягӣ муҳим аст.
Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ бовар дорад, ки бо мавриди амал қарор гирифтани ин Ёддошт байни Тоҷикистону Корея шиддати бекорӣ дар кишвар паст карда шуда, бозори нави меҳнатӣ пайдо мешавад.
Аз ин ниҳод гуфтанд, дар ёддошти тафоҳум байни ду кишвар “механизми ҳифзи ҳуқуқ, манфиат ва озодии муҳоҷирони меҳнатии тоҷик дар Корея” ба назар гирифта шуда, “оқибатҳои манфӣ надоранд”.
Ҳоло Русия ягона самти муҳоҷират барои шаҳрвандони Тоҷикистон дониста мешавад. Вале муҳоҷирони тоҷик дар ин кишвар пайваста зери фишор ва таъқиби мақомоти Русия қарор мегиранд ва солона ҳазорҳо муҳоҷир бидуни шарҳ аз ин кишвар ихроҷ карда мешаванд.
Чанд соли охир мақомоти Тоҷикистон кӯшиш доранд, самтҳои дигари муҳоҷиратро барои шаҳрвандон боз кунанд. Ин пеш аз ҳама ба Британияи Кабар ва Кореяи Ҷанубӣ аст.
Бори аввал соли 2022 дар асоси шартномаи ҳамкорӣ байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва минтақаи Хампиёнги музофоти Ҷола-Намдои Корея 58 шаҳрванди ҷумҳурӣ дар гармхонаҳои Корея ба корҳои мавсимӣ сафарбар карда шуда буданд.
Соли гузашта Тоҷикистон ба куҷо, чӣ қадар ва бо кадом нарх барқ фурӯхт?
Дар Чувашистони Русия ҳам кор барои муҳоҷирон дар чандин соҳаро манъ мекунанд
Қариб 150 шаҳрванди Тоҷикистон дар рӯйхати муҳоҷироне, ки Амрико мехоҳад онҳоро ихроҷ кунад
Беш аз 10 қонуни нав. Акнун муҳоҷирони тоҷикро дар Русия чӣ интизор аст?
Чаро “Почтаи тоҷик” ба Русия нома ва баста ирсол намекунад? Раиси нави Хадамоти алоқа шарҳ дод
Тоҷикистону Русия масоили муҳими муҳоҷиратро баррасӣ карданд
Роҳбари Оҷонсии ҳавонавардӣ гуфт, ихроҷи муҳоҷири тоҷик аз Русия “кам шуд ва ҳоло ҳар рӯз 12 кас “депорт” мешаванд”
Кумитаи бехатарии озуқаворӣ сабаби манъи воридоти чорво ва баъзе маҳсулоти чорводориро аз Тоҷикистон ба Русия шарҳ дод
“Иқлими номусоид ва фиреби соҳибкорон”: Раиси Мастчоҳ ду сабаби иҷро нашуднии нақшаи ҷамъоварии пахтаро гуфт
Бонки олмонӣ ба Тоҷикистон дар таъмиру навсозии беморхонаҳо кумак мекунад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста