Ҳафтаи гузашта ширкати ҳавопаймоии “Тоҷик-Эйр” аз роҳандозии хатсайрҳои ҳавоӣ миёни Душанбе–Кӯлоб ва Душанбе–Панҷакент хабар дод. Аввалин парвоз байни Душанбе – Панҷакент имрӯз, 14-уми январ ва Душанбе–Кӯлоб пагоҳ, 15-уми январ дар назар дошта шуда буд. Аммо имрӯз аз ин ширкат хабар доданд, ки парвози аввалин дар самири Душанбе – Панҷакент барои ду рӯз, яъне то 16-уми январ, ба таъхир андохта шуд.
Дар ин матлаб “Азия-Плюс” воситаҳои ҳамлу нақл ба минтақаҳои Тоҷикистон ва роҳкирои онҳоро муайян кард.
Мо панҷ минтақаи кишварро интихоб кардем, ки дар бештари ин минтақаҳо дар баробари хатсайри заминӣ ҳамчунин хатсайри ҳавоӣ низ фаъол мебошад.
Душанбе - Хуҷанд
Сокинон аз Душанбе ба Хуҷанд ва баръакс, тавассути кирокаш ва ҳавопаймо равуо мекунанд. Ҳоло роҳкирои кирокаш ба ин шаҳр аз 150 то 200 сомониро ташкил мекунад, ки ин нарх дар фасли баҳору тобистон то 150-сомонӣ буд. Ҳамзамон нархи ҳавопаймо дар ин масир 601 сомонӣ мебошад, ки ду сол қабл ҳамагӣ 400 сомониро ташкил менамуд.
Дар ин масир қаблан автобус низ ҳаракат менамуд, ки роҳкирои он 70 сомониро ташкил мекард. Аз ширкати Asian Express ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ҳоло ҳаракати автобус дар ин масир мувақатан қатъ гардидааст.
Душанбе - Панҷакент
Дар масири Душанбе-Панҷакент низ алҳол ду воситаи ҳамлу нақл фаъолият мекунад: кирокаш ва ҳавопаймо. Роҳкирои кирокаш ба ин шаҳр то 150 сомониро ташкил мекунад, ки қаблан аз 100 то 120 сомонӣ буд. Бояд гуфт, ки дар ин масир ҳамчунин хатсайри нави ҳавоӣ низ роҳандозӣ мешавад, ки нархи чиптаи он 400 сомонӣ барои як нафар мебошад.
Ҳамчунин то чанд моҳ қабл дар ин самт автобус ҳаракат менамудад, ки роҳкирои он 70 сомониро ташкил мекард. Аз ширкати Asian Express ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки алҳол ҳаракати автобус дар ин масир низ мувақатан бо сабаби хатари роҳ дар зимистон қатъ гардидааст.
Душанбе - Кӯлоб
Аз Душанбе ба Кӯлоб низ се воситаи ҳаму нақл: автобус, кирокаш ва ҳавопаймо ҳаракат мекунад. Роҳкирои автобус дар ин масир ҳамагӣ 50 сомонӣ ва таксӣ аз 80 то 100 сомониро ташкил мекунад. Нархи чиптаи ҳавопаймо, ки тибқи иттилои ширкати “Тоҷик-Эйр” пагоҳ парвозро оғоз мекунад, 300 сомонӣ барои як нафар мебошад.
Душанбе – Бохтар
Дар масири Душанбе - Бохтар низ равуо тавассути ду восита кирокаш ва автобус имконпазир аст. Роҳкирои кирокаш ба ин самт аз 30 то 60 сомонӣ мебошад. Сокинон тавассути хатсайри автобуси Душанбе - Панҷ, ки нархи он то Панҷ 50 сомонӣ аст, метавонанд ба шаҳри Бохтар раванд.
Душанбе - Хоруғ
Аз Душанбе ба Хоруғ низ ду воситаи ҳамлу нақли мусофирон: кирокаш ва ҳовопаймо фоъолият мекунад. Роҳкирои кирокаш то 400 сомонӣ буда (баъзан вобаста ба фасли сол тавонад тағйир ёбад), нархи чиптаи ҳавопаймо 900 сомонӣ барои як нафар аст.
Роҳкиро чаро тағйир меёбад?
Дар фасли зимистон, иду ҷашнҳо, таътили тобистона, оғози дарсҳо дар донишгоҳ, баланд шудани нархи газу бензин, қурби доллар ва мавридҳои дигар роҳкиро дар аксари самтҳо гарон мешавад.
Ҳоло дар фасли зимистон ронандагон бо сабаби вазнинии ҳаракат дар роҳ ва хатари бориши барфу фаромадани тарма нархи роҳкироро боло бардоштаанд.
Аз ин вазъият ҳамасола мусофирон шикоят мекунанд, аммо ронандагон болоравии қимати хидматрасонии худро ба баланд шудани нархи маводи сӯхт, сардии ҳаво ва хатари ҳаракат дар роҳ дар фасли зимистон марбут медонанд.
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста