Як сокини шаҳри Бӯстон бо гумони “фурӯш”-и ғайриқонунии “хонаҳои бесоҳиб” дар шаҳри Истоқлол боздошт шудааст. Мақомот ӯро дар панҷ ҳолати тақаллубкорӣ ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ муттаҳам мекунанд. Мушкили хонаҳои бидуни соҳибмулк дар шаҳри Истиқлол, солҳои пеш ҳам расонаӣ шуда буд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд аз нафари боздоштшуда Б.А. (мақомот номи пурраи гумонбарро зикр кардааст, аммо “Азия-Плюс” бо риояи меъёри қонунгузорӣ ва рӯзноманигорӣ то лаҳзаи собит шудани гуноҳ, аз ошкор кардани ҳувияти гумонбар худдорӣ мекунад), сокини 32 солаи шаҳри Бӯстон (Чкалоксвки пешин) ном бурда, гуфтааст, ӯ “худро соҳиби хонаи бесоҳиби шаҳри Истиқлол муаррифӣ карда, даст ба ҷинояти қаллобӣ задааст”.
Акбар Шарифӣ, масъули матбуоти Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, зимни барномаи “Милитсия хабар медиҳад” зикр кард, ки Б.А. дар маҳаллаи якуми шаҳри Истиқлол хонаҳое, ки дар асоси ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда соҳибмулкони худро доштанд, аз они худ вонамуд карда, ба мардум фурӯхтааст.
Дар ин барнома зикр мешавад, ки Б.А. “бо баҳонаи аз як ҳафта то ду- се моҳ ҳуҷҷатҳояшро баррасӣ кардан, аз харидорони фандхӯрда маблағҳои гуногун ба даст овардааст”.
Аз ҷумла, таъкид мегардад, ки як марди 31 сола, сокини ноҳияи Деваштич ба Б.А. барои хариди хонае дар шаҳри Истиқлол 123,5 ҳазор сомонӣ додааст.
Ҳамчунин, як зани 54 сола аз ҷамоати Навгилеми шаҳри Исфара ба Б.А. 35 ҳазор сомонӣ додааст.
Худи Б.А. дар навор мегӯяд, хонаҳои фарсудаю бекорхобиро ҳадаф қарор дода, ба харидорон нишон медодааст ва бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ маблағи онҳоро гирифта, ба эҳтиёҷоти шахсияш сарф мекардааст.
Аммо дар кадом шароит ин навор сабт шудааст, номаълум аст.
Дар барнома зикр мешавад, ки аксари ҳолатҳои фурӯши хонаҳо дар шаҳри Истиқлол аз ҷониби Б.А. асосан дар соли 2022 сабт шудааст.
То ин лаҳза, ба қавли Раёсати ВКД дар вилояти Суғд, 5 ҳолати қаллобии Б.А. ба маблағи беш аз 200 ҳазор сомонӣ ошкор шудааст. Ва нисбати Б.А. бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, худи ӯ дар ҳасби пешакӣ қарор дорад.
Бояд гуфт, ки мақомоти дахлдори шаҳри Истиқлол соли гузашта гуфтанд, зимни як санҷиш беш аз 50 хонаи бидуни соҳибмулк ё беназоратро ошкор кардаанд. Он замон раиси шаҳри Истиқлол Қаюмҷон Маҳмудзода гуфта буд, ки агар қарори суд содир шавад ин манзилҳо ба ниёзмандоне, ки дар навбат истодаанд, дода мешавад.
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 14 январи соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста