Тибқи омори ЮНИСЕФ дар Тоҷикистон вазъи таҳсили духтарон дар мактаб ва донишгоҳҳои кишвар ҳамоно нигаронкунанда аст. Қариб 32% духтарон таҳсилро дар синфҳои 9-11 идома намедиҳанд ва танҳо 13% духтароне, ки ба донишгоҳҳо дохил мешаванд, онро хатм мекунанд.
Дафтари рушди СММ рӯзи 5-уми декабр гузорише дар ин робита нашр карда, омилҳои асосии қатъ кардани таҳсилро инҳо донистааст:
- Анъанаҳои суннатӣ, ки духтаронро зери фишор мегузоранд, то зудтар шавҳар кунанд;
- Интизороти оилаҳо барои афзалият додани ҳаёти оилавӣ нисбат ба таҳсил;
- Мушкилоти иҷтимоию иқтисодӣ, ки имкони идомаи таҳсилро маҳдуд мекунанд;
Аз рӯйи омории ЮНИСЕФ, танҳо 31% духтароне, ки мактабҳои миёнаро хатм мекунанд, таҳсили худро дар донишгоҳ идома медиҳанд ва аз миёни онҳо танҳо 13% таҳсилро бомуваффақият хатм мекунанд.
“Меъёрҳои иҷтимоиву интизорот дар оила, ба вижа дар минтақаҳои рустоӣ, бисёр духтарҳоро маҷбур мекунанд, ки на таҳсилу омӯзиш, балки зиндагии оилавиро бартар арзёбӣ кунанд”, - навиштааст ЮНИСЕФ.
Бояд гуфт, ки бо мақсади бартараф кардани ин мушкилот, ҳукумати Тоҷикистон ба қонуни "Дар бораи маориф" тағйиротҳо ворид кардааст, ки таҳсил дар синфҳои 10-11-ро ҳатмӣ мегардонад. Агар хонандагон ин синфҳоро дар мактаб нагузаранд, онҳо бояд таҳсилро дар коллеҷҳо ё мактабҳои касбӣ идома диҳанд.
ЮНИСЕФ аз тағйирот дар ин қонун истиқбол крада гуфтааст, ки ин тағйирот на фақат барои рушди инфиродии занҳо, инчунин, барои бунёди ҷомеаи баробарҳуқуқ дар Тоҷикистон мусоидат мекунад.
Баъзе духтарон дар Тоҷикистон таҳсили худро барои он идома намедиҳанд, ки волидонашон онҳоро ба шавҳар медиҳанд. Ҳамаи вазифаҳои хона ва нигоҳубини аъзои оилаи шавҳар аксаран бар дӯши духтарони ҷавон вогузор мешавад, ки барои таҳсил ва рушди худашон қариб вақти холӣ намемонад.
Дар деҳот духтарон маҷбуранд, ки ба волидони худ дар кори саҳро ҳам кумак кунанд, ки ин низ монеаи ҷиддӣ барои таҳсили онҳо мегардад.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон дар як суханронии худ рӯзи 1-уми сентябри соли ҷорӣ идома надодани таҳсил аз ҷониби духтаронро интиқод карда гуфт, аз 170 ҳазор хонандае, ки соли 2023 синфи 9-умро хатм кардаанд, 114 ҳазор нафар таҳсилро дар синфи 10 идома дода, 44 ҳазор нафар таҳсилро дар ягон муассисаи таълимиву касбӣ идома надодаанд.
“Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ин мушкилӣ, яъне хоҳиши идомаи таҳсилро надоштани ҷавонон агар аз як тараф, дахолати падару модарон ба тақдири минбаъдаи фарзандон, бахусус, духтарон бошад, аз ҷониби дигар, нокифоя будани корҳои фаҳмондадиҳӣ дар масъалаи интихоби бошууронаи касб мебошад”, - гуфта буд президент.
Ҳуқуқшинос, муҳандис ва вакили парлумон: Вазири нави меҳнату муҳоҷират кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 1 феврали соли 2025
Низоми 10-холаи баҳогузорӣ, норасоии кадрӣ, мақоми омӯзгор... Вазири маориф дар нишасти матбуотӣ боз чӣ гуфт?
Моякӯбӣ барои кӣ ва чӣ муҳим аст?
“Ба кушторҳои Конибодом рабт надорад”. Мақомоти Суғд дарёфти ҷасади як зан аз дарёи Сир, ки боиси сару садо шуда буд, шарҳ доданд
Таҳсили ғайриқонунии динии қариб 40 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷа. Кумитаи дин ду роҳи ҳал пешниҳод мекунад
Чаро зани серфарзанди тоҷикро дар Русия баъди тақдими хона дастгир карданд?
Вазири энергетика 5 шарти расидан ба "истиқлолияти комили энергетикӣ" дар соли 2027-ро гуфт
“Асоси воқеӣ надорад”. Вазири маорифи Тоҷикистон ба вакили Думаи давлатии Русия посух дод
Муаррифии китобҳои насли нав. Аз китобҳои оддӣ чӣ тафовут доранд ва нархашон чанд аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста