Шуруъ аз 1-уми январи соли 2025 ба ҳар як баста дору ва молҳои тиббие, ки ба кишвар ворид мешаванд рамзи махсуси электронӣ гузошта мешавад. Ин рамз маълумот дар бораи истеҳсолкунанда, таркиб, мӯҳлати истифода ва ҳаракати доруҳоро аз истеҳсол то фурӯш назорат мекунад.
Хадамоти гумруки Тоҷикистон хабар додааст, ки рамзгузории электронии дору ва молҳои тиббӣ “бо мақсади татбиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рамзгузории электронӣ, фаъолияти операторони пайгиркунандаи гардиши молҳо ва раванди назорати онҳо" оғоз мегардад.
Ин ниҳод гуфтааст, ки тамғагузоро ҶДММ "Технология Групп" анҷом медиҳад ва онҳо аз ширкатҳои воридкунандаи воситаҳои доруворӣ ва молҳои тиббӣ даъват карданд, ки бо ин ширкат барои гирифтани рамзҳои электронӣ шартнома банданд.
“Ба иштирокчиёне, ки фаъолияти иқтисодии хориҷӣ мебаранд, таъкид карда шуд, ки то оғози марҳилаи рамзгузории электронӣ аз 1 январи соли 2025 онҳо бояд бо ҶДММ «Технология Групп» барои гирифтани QR-рамзҳо шартнома баста, тамоми талаботи марбутаи қарорро риоя намоянд”, - гуфта мешавад дар хабар.
Ин ниҳод ба ба ҳама иштирокчиёни раванди воридот тавсия додааст, ки дар ҳамкорӣ бо ҶДММ «Технология Групп» барои ба татбиқи пурраи рамзгузории электронӣ “тадбирҳои зарурӣ андешанд”.
ҶДММ "Технологи Групп" соли 2021 таъсис ёфтааст. Маълум нест, ки ин ширкат ба кӣ тааллуқ дорад. Дар яке аз мақолаҳое, ки дар “Боҷу хироҷ” нашрияи расмии Кумитаи андози Тоҷикистон нашр шуда, омадааст, ки роҳбари ин ширкат Ф. Файзуллозода ном шахс аст ва маҳз ҳамин ширкат рамзгузории электронии молҳои зераксизиро дар кишвар анҷом медиҳад.
Рамзгузории электронии дору чист?
Рамзгузории электронии дору ё молҳои тиббӣ — ин равандест, ки ба ҳар як бастаи дору рамзи рақамии махсус дода мешавад. Ин рамз маълумот дар бораи истеҳсолкунанда, таркиб, мӯҳлати истифода дорад ва ҳаракати доруҳоро аз истеҳсол то фурӯш назорат мекунад.
Дар бастаи дору рамзи махсус, масалан, "Data Matrix" гузошта мешавад, ки онро бо сканер ё смартфон хондан мумкин аст. Ҳамаи маълумот дар бораи рамзҳо дар низоми махсус сабт шуда, ба истеҳсолкунандагон, дорухонаҳо, мақомот ва истеъмолкунандагон дастрас аст.
Ин имкон медиҳад, ки харидор рамзро бо истифода аз замимаи мобилӣ скан намуда, аслияти доруро санҷад.
Ин низом барои муайян кардани доруҳои қалбакӣ кӯмак мерасонад. Кафолат медиҳад, ки дору сифатнок ва бехатар аст. Ҳамчунин имкон медиҳад, ки ҳама иштирокчиёни раванд, аз истеҳсолкунандагон то дорухонаҳо, дар як низоми ягона кор кунанд.
Зимнан, ба ширкатҳо дар идора кардани таъминот ва захираҳо кӯмак мекунад.
Аз Душанбе ба Хуҷанд, Панҷакент, Хоруғ, Кӯлоб ва Бохтар кадом воситаҳои ҳамлу нақл фаъол ҳастанд?
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашниро ба фурӯш баровард
“Хонаҳои бесоҳиб"-и шаҳри Истиқлол. Боздошти як нафар барои фурӯши он
Сафкашии сайёраҳо. Сокинони Тоҷикистон рӯзҳои 21-28 январ кадом сайёраҳоро метавонанд бубинанд
Дар беш аз нисфи минтақаҳои Русия фаъолияти муҳоҷирон маҳдуд шудааст
Парвози аввалини хатсайри Душанбе – Панҷакент ба таъхир гузошта шудааст
Санаи ташрифи Масъуд Пизишкиён ба Тоҷикистон дақиқ шуд
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Маснавии маънавӣ. Ҳикояи “Ҳасрати хари машкоб бар аҳволи аспони султон”
Тоҷикистон дар Индекси гузариши энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ пешсаф аст
ТОП-5 маҳсулоте, ки рушди бахши кишоварзии Тоҷикистонро дар соли 2024 таъмин карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста